«Нақши Шириншоҳ Шоҳтемур дар таҳкими худшиносии миллии тоҷикон»-ҳамоиши илмӣ бахшида ба 120-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон

Декабрь 18, 2019 17:21

ХОРУҒ, 18.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  дар мавзӯи «Нақши Шириншоҳ Шоҳтемур дар таҳкими худшиносии миллии тоҷикон» бо иштироки Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонзода, президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ, олимону донишмандон ва таърихнигорони тоҷик ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.

Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов  миннатдории худро ба Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ-  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати фароҳам овардани имконият ва мусоидат ба таҷлили бузургдошти Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур  баён намуд. Мавсуф зикр намуд, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми ҷашни 110- солагии Шириншоҳ Шоҳтемур 20 октябри соли 2009 изҳор намуданд, ки «Шириншоҳ Шоҳтемур аз ҷумлаи сиёсатмадорон ва ходимони барҷастаи давлатие буд, ки дар ибтидои асри 20 рисолати таърихии хешро дар назди миллат ва тақдири ояндаи он иҷро намуда, тамоми қувваю дониш ва неруи маънавиашро барои поягузорӣ ва бунёди давлати миллии тоҷикон равона сохтааст. Ӯ аз  рӯзгори пуртаззоду пурихтилоф сабақ андӯхта, ҳамчун шахси матиниродаву донишманд, инсони оқилу дурандеш ва сиёсатмадори барҷаставу ташкилотчии моҳир ба камол расидааст».

Раиси вилоят аз таърихи сулолаи Сомониён ёдоварӣ намуда, таъкид дошт, ки “ин давлати муқтадири тоҷикон дар натиҷаи зулму истибдоди аҷнабиён ба парокандагӣ дучор шуд. Аммо дар ҳар давру замон  иродаву тасмими дурусти шахсиятҳои ватандӯсту аз сиёсати замон огоҳ миллатро аз парокандагиву парешонҳолӣ наҷот медоданд, ки яке аз чунин чеҳраҳои сиёсӣ Шириншо Шоҳтемур ба шумор меравад. Бо чунин вазъияти печидаву мураккаб ҳатто дар охири асри 20 низ халқи тоҷик рӯ ба рӯ гардид, аммо ин бор фарзанди фарзонаи миллат  Эмомалӣ Раҳмон бо ҷонфидиҳои беши хеш нагузошт, ки ватану миллат аз ҳам пош бихӯранд”.

Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон   Абдуҷаббор Раҳмонзода  матни табрикоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмонро ба муносибати 120- солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур дар ҳузури иштирокдорони ҳамоиши илмӣ қироат намуд.

Абдуҷаббор Раҳмонзода гуфт, ки “зуҳури пантуркизму панисломизм ва паниронизм  дар муҳити Бухорои онвақта ба авҷи аълои худ расида буд ва гурӯҳҳои зиёди ин  ҷараёнҳо  ҳамақидаҳояшонро дар атрофи худ ҷамъ менамуданду ба муқобили миллати тоҷик мубориза мебурданд. Ҳатто баъзе аз ин гурӯҳҳои иртиҷоӣ мавҷудияти миллати тоҷикро инкор мекарданд. Дар чунин айёми мураккаби сиёсӣ абармардони миллати тоҷик, ба мисли Шириншоҳ Шоҳтемур, Нусратулло Махсум,  асосгузори  адабиёти шӯравии тоҷик Садриддини  Айни  гирди ҳам омада, дар бораи мавҷудияти миллати тоҷик, таъриху фарҳанги бою пурғановати он садо баланд  менамуданд. Баъди инкилоби Октябр ҳам барои таъсиси Ҷумҳурии мустақили Тоҷикистон монеа эҷод карданд, аммо мавҷудияти Точикистонро бо намояндагӣ аз миллати тоҷик маҳз Шириншоҳ Шоҳтемур бо  далелу бурҳони қотеъ ва санаду арқоми мушаххас  муаррифӣ кард. Ва исбот намуд, ки халқи тоҷик аз қадим соҳиби давлату забон, расму суннати хос ва таҷрибаи бои давлатдорӣ буд. Ба он қонеъ нашуда, ба унвони роҳбари онвақтаи шӯравӣ И. Сталин нома навишт ва зарурати ташкили Ҷумҳурии мустақил дар ҳайати ин Иттиҳодро тақозо кард. Танҳо аз пас аз ин Тоҷикистон чун ҷумҳурии алоҳида ба ин иттиҳод шомил шуд”.

Дар ҳамоиши илмӣ Президенти Академияи илмҳои ҷумҳурӣ  Фарҳод Раҳимӣ, ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур, доктори илмҳои кишоварзӣ, узви вобастаи Академияи илмҳои ҷумҳурӣ Амонулло Салимзода дар бораи саҳми Шириншоҳ Шоҳтемур дар поягузории давлати тоҷикон ибрози назар намуданд.

Пас аз ҳамоиши илмӣ иштирокдорони он ба пояи пайкараи Қаҳрамони Тоҷикистон  Шириншоҳ Шоҳтемур гулчанбар гузошта, аз осорхонаи ин ходими намоёни давлатӣ, ки дар зодгоҳаш-Ҷамоати деҳоти Поршинев ҷойгир аст, дидан намуданд.

Декабрь 18, 2019 17:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон бо 4 муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон ҳамкорӣ мекунад
«ШОҲРОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Тоҷикистон барои иштирок дар ин намоиши байналмилалӣ омодагии ҷиддӣ мебинад
Дар Душанбе конференсияи ҷумҳуриявӣ оид ба ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ доир гардид
Дар Душанбе бо иштироки олимону зиёиёни Тоҷикистон ва Узбекистон конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
Дар доираи Ҳафтаи илм оид ба мероси уран дар Осиёи Марказӣ конфронси байналмилалӣ баргузор гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ҲИФЗИ ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ. Дар Тоҷикистон зиёда аз 100 ёдгории таърихиву фарҳангӣ тармиму барқарор гардид
Дар Қасри фарҳанги ноҳияи Варзоб ба алоқамандони синамо филми ҳунарии «Таҳаввулот» намоиш дода шуд
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва муассисаҳои илмии Чин густариш меёбад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир мешавад
Маърифати ҳуқуқӣ ва экологӣ — омили ободкориву созандагӣ. Эҳдо ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон
Риояи дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои занону духтарони Тоҷикистон арҷгузорӣ ба суннатҳои миллӣ ва эҳтиром ба миллат аст