Кумитаи бехатарии озуқаворӣ воридоти маводи хӯроквориро аз Чин, ба истиснои чой ва тухмиҳои зироат, манъ намудааст
ДУШАНБЕ, 30.01.2020. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо ваъи сироятшавии одамон дар кишварҳои гуногуни олам бо коронавируси чинӣ боиси нигаронии миллионҳо нафар аҳолии сайёра шудааст. Ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз кадом давлатҳо маҳсулоти хӯрокворӣ ворид карда мешаванд? Ба ин саволи хабарнигор Раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадсаид Файзуллозода имрӯз зимни нишасти матбуотии ин ниҳод чунин посух дод:
-Соли 2019 аз тарафи Кумитаи бехатарии озуқаворӣ вобаста ба воридоти маводи хӯрокӣ, ба истиснои чой ва тухмиҳои зироат ба ягон соҳибкор иҷозатнома дода нашудааст. Баъд аз он ки дар бораи хуруҷи бемории эпидемии коронавирус дар Ҷумҳурии мардумии Чин дар ВАО иттилоъ пахш гардид, ба нуқтаҳои бехатарии озуқаворӣ дар сарҳад ва нақлиёт супориш дода шуд, ки тамоми маҳсулоти воридшавандаро зери назорати ҷиддӣ қарор диҳанд. Дирӯз дар сарҳад баъзе маҳсулоти хӯрокӣ, аз ҷумла меваҷот аз давлати Чин, ки тариқи Афғонистон ба ҷумҳурии мо бояд ворид карда мешуд, бозпас гардонда шуданд.
Ҳамзамон зикр шуд, ки дар доираи ҳамкорӣ бо лоиҳаи Ташкилоти озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид аз соли 2013 «Оид ба тақвият додани муассисаҳо ва тавоноии Вазорати кишоварзӣ ва Хадамоти давлатии назорати байторӣ ҷиҳати таҳия намудани сиёсат» 7 номгӯй таҷҳизот ба миқдори умумии 58 адад ба маблағи умумии 57 032 доллари ИМА дастрас гардид.
Истифодаи таҷҳизоти замонавии мазкур имконият медиҳад, ки минбаъд дар марказҳои ташхис ва нуқтаҳои назорати давлатии бехатарии озуқаворӣ дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ маҳсулоти озуқаворӣ, хусусан маҳсулоти гӯштӣ ва ширӣ мавриди ташхиси саривақтии дақиқ қарор дода шаванд.
Ҳамчунин зикр гардид, ки ба маблағи 1188270 сомонӣ сохтмони иншооти сохтмонаш нотамоми бинои марказҳои таъминоти бехатарӣ ва ташхиси бехатарии озуқаворӣ дар ноҳияи Рашт ба итмом расонида шуда, бинои мазкур дар арафаи ҷашни 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор дода шуд. Ҳамчунин дар дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ барои бунёди марказҳои таъминоти бехатарии озуқаворӣ корҳои сохтмонӣ ҷамъ ба маблағи 15 миллиону 300 ҳазор сомонӣ ҷараён дорад.
Дар ҷамъбасти нишасти матбуотӣ гуфта шуд, ки Кумитаи бехатарии озуқаворӣ барои боз ҳам тақвият бахшидан ба фаъолияти мақомоти бехатарии озуқаворӣ, ислоҳи камбудиҳои соҳа ва иҷрои пурраи дастуру супоришҳои давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми захираю имкониятҳои мавҷударо сафарбар намуда, барои расидан ба ҳадафи стратегии Ҳукумати мамлакат –таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми назаррас мегузорад.








Дар Тоҷикистон пешгирӣ аз истеъмоли моддаҳои психотропӣ тақвият дода мешавад
Давоми шаш моҳи соли 2026 дар Душанбе 47 ҳолати монеъ шудан ба таҳсилоти ҳатмии ноболиғон ошкор карда шуд
Дар Душанбе беш аз 90 ҳолати ба фолбинӣ машғул шудани шаҳрвандон ошкор гардид
Ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии суиистеъмоли маводи нашъадор баргузор гардид
ТАҲДИДҲОИ МУОСИРИ КИБЕРӢ ВА РОҲҲОИ МУҚОВИМАТ БА ОНҲО. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
Дар маҷлиси ҳайати мушовараи Прокуратураи генералӣ татбиқи дурусти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» баррасӣ шуд
Прокурори шаҳри Ҳисор: «Сулҳ масъулият аст ва ташаббуси навбатии байналмилалии Тоҷикистон ҷомеаи ҷаҳониро ба андеша водор месозад»
Дар беш аз 150 аттраксиони боғҳои фарҳангӣ–фароғатии Тоҷикистон камбудиҳои техникӣ ошкор карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Қариб 23 ҳазор дона тухми паранда ҳамчун маҳсулоти бесифат ва хавфнок нобуд карда шуд
Дар Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ Феҳристи ягонаи электронии субъектҳо таҳия карда мешавад
Ҳайати Тоҷикистон дар амалиёти зерминтақавии зиддимухадиротии СААД дар вилояти Калинингради Русия иштирок намуд






