Ҳар ки рӯзи Наврӯз ҷашн кунад ва ба хуррамӣ пайвандад, то Наврӯзи дигар умр ба шодӣ гузаронад

Март 21, 2020 09:50

ДУШАНБЕ, 21.03.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ бошукӯҳ таҷлил гардид. Дар он ректори донишкада  Муҳриддин Низомӣ, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Хайриддин Усмонзода, сардори шуъбаи илм ва муассисаҳои таълимии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Темурзода, шоир ва адабиётшинос Алии Муҳаммадии Хуросонӣ, устодони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва ҳайати устодону донишҷӯёни Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон иштирок намуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Донишкадаи мазкур хабар доданд.

Ректори донишкада Муҳриддин Низомӣ ҳамагонро бо ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ табрик намуда, гуфт, ки мутафаккири бузург Абурайҳони Берунӣ Наврӯзро «пешонии сол» ҳисобида, ин ойини мардумиро оғози эҳёи табиат, омили баракати заҳмати деҳқон ва фаровонии хони мардум медонад. Абурайҳони Берунӣ мефармояд, ки «Наврӯз нахустин рӯз аст аз фарвардинмоҳ, аз ин ҷиҳат «рӯзи нав» ном кардаанд, зеро ки пешонии соли нав аст, он чи аз паси ӯст, аз ин панҷ рӯз ҳама ҷашнҳост». Наврӯз дар забони арабӣ ба ду сурат зикр шудааст: «ҳам ба чеҳраи мутадовили форсии он «Наврӯз» ба кор рафта ва ҳам ба гунаи муарраб «Найрӯз» истеъмол шудааст.

Наврӯз вожаи мураккаб буда, аз ду ҷузъ — «нав» ва «рӯз» ташкил шудааст ва ҳамон гуна, ки дар фарҳангҳои тоҷикӣ- форсӣ ифодаи маъно мекунад, мафҳуми «рӯзи нав» аз он бармехезад ва бар нахустин рӯз аз нахустин моҳи соли хуршедӣ тааллуқ мегирад. Дар ин рӯз, онгоҳ ки офтоб ба бурҷи барра интиқол меёбад ва фасли баҳор оғоз мегардад, рӯзи наве аз соли ҷадид низ шурӯъ мешавад. Асли паҳлавии ин вожа «нук руҷ» ё «нӯг рӯз» будааст.

Ҳамзамон Ҳаким Умари Хайём дар «Наврӯзнома» мефармояд:  «Сабаби ном ниҳодани «Наврӯз» он аст, ки офтоб дар сесаду шасту панҷ шабонарӯз ба рубъи аввали дақиқаи Ҳамал боз ояд ва чун Ҷамшед он рӯзро дарёфт, Наврӯз ном ниҳод ва ҷашн ойин овард ва пас аз он подшоҳону дигар мардумон ба ӯ  иқтидо карданд. Чун он вақтро подшоҳони Аҷам дарёфтанд, аз баҳри бузургдошти офтоб онро нишона карданд ва он рӯзро ҷашн сохтанд ва оламиёнро хабар доданд, то ҳамагон онро бидонанд ва он таърихро нигоҳ доранд. Бар подшоҳон воҷиб аст ойину расми мулукро ба ҷой оранд, аз баҳри муборакӣ ва баҳри таърих ва хуррамӣ кардан дар аввали сол. Ҳар ки рӯзи Наврӯз ҷашн кунад ва ба хуррамӣ пайвандад, то Наврӯзи дигар умр ба шодӣ гузаронад ва ин таҷрибатро ҳукамо аз болои подшоҳон кардаанд.

Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Хайриддин Усмонзода иброз дошт, ки Наврӯз ба унвони ҷашни фарогири миллӣ ва мардумӣ солҳост, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди таҷлил қарор мегирад ва ба таври шоиста доир кардани маросими ҷашнӣ, махсусан  дар муҳитҳои илмию маданӣ ба ҳукми анъана даромадааст. Аз ин рӯ таҷлили бошукӯҳи Наврӯзи байналмилалӣ дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода аз авлавиятҳои ихтисосӣ, ҳунарӣ ва маданӣ маҳсуб мешавад.

Март 21, 2020 09:50

Хабарҳои дигари ин бахш

«САД РАНГИ ЧАКАН». Дар Душанбе ин фестивали ҷумҳуриявӣ ҷамъбаст гардид
Роҳбарзанони Узбекистон бо табиати зебои шаҳри Норак шинос шуданд
Дар Душанбе ҳамкории илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳи Акитаи Ҷопон баррасӣ шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон бо 4 муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон ҳамкорӣ мекунад
«ШОҲРОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Тоҷикистон барои иштирок дар ин намоиши байналмилалӣ омодагии ҷиддӣ мебинад
Дар Душанбе конференсияи ҷумҳуриявӣ оид ба ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ доир гардид
Дар Душанбе бо иштироки олимону зиёиёни Тоҷикистон ва Узбекистон конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
Дар доираи Ҳафтаи илм оид ба мероси уран дар Осиёи Марказӣ конфронси байналмилалӣ баргузор гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ҲИФЗИ ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ. Дар Тоҷикистон зиёда аз 100 ёдгории таърихиву фарҳангӣ тармиму барқарор гардид
Дар Қасри фарҳанги ноҳияи Варзоб ба алоқамандони синамо филми ҳунарии «Таҳаввулот» намоиш дода шуд
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва муассисаҳои илмии Чин густариш меёбад