ИНТИХОБОТ-2020. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ баргузоргардида ҳисобида шуд

Март 1, 2020 15:10

ДУШАНБЕ, 01.03.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ баргузоргардида ҳисобида шуд. То соати 15:00 дар саросари мамлакат 3 млн  703 ҳазору  969 нафар ё 75,1 % интихобкунандагон дар интихобот иштирок карданд. Дар ин бора Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон /КМИР/ Бахтиёр Худоёрзода ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

Интихобот дар сурате баргузоршуда ҳисобида мешавад, ки агар зиёда аз 50% интихобкунандагон ба участкаҳои интихоботӣ ҳозир шаванд. 75,1 % овоз додани интихобкунандагон аз он шаҳодат медиҳад,  ки фарҳанги сиёсӣ ва ҳуқуқии сокинони Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле боло рафта, онҳо дар чунин маъракаҳои сиёсӣ бо дарки масъулияти баланди шаҳрвандӣ иштирок менамоянд.

Раванди овоздиҳӣ то соати 20:00 дар 3412 участкаҳои интихоботӣ идома меёбад.

Бино ба маълумоти Бахтиёр Худоёрзода, то ин соат ба КМИР ягон муроҷиат ва шикоят ворид нагардидааст.

Доир ба ҷараёни овоздиҳӣ имрӯз, 1 март мустақиман соати 18 низ хабар дода мешавад.

Маълумоти тоза доир ба иштироки интихобкунандагон соати 18:00 пешниҳод мегардад.

Март 1, 2020 15:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома ба тасвиб расид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамоиши идона доир шуд
Вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаҳои муштараки зимистонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар Маҷлиси намояндагон муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид
ИЛМУ МАОРИФ БА ОЯНДАИ БОСАОДАТИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ ТАВЪАМ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи кумитаҳои парлумонии СААД иштирок намуданд
Дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» тағйиру иловаҳо ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Вакилони Маҷлиси намояндагон барои иштирок дар барномаи табодули байнипарлумонӣ ба Амрико сафар намуданд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид