ИНТИХОБОТ-2020. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ баргузоргардида ҳисобида шуд
ДУШАНБЕ, 01.03.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ баргузоргардида ҳисобида шуд. То соати 15:00 дар саросари мамлакат 3 млн 703 ҳазору 969 нафар ё 75,1 % интихобкунандагон дар интихобот иштирок карданд. Дар ин бора Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон /КМИР/ Бахтиёр Худоёрзода ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.
Интихобот дар сурате баргузоршуда ҳисобида мешавад, ки агар зиёда аз 50% интихобкунандагон ба участкаҳои интихоботӣ ҳозир шаванд. 75,1 % овоз додани интихобкунандагон аз он шаҳодат медиҳад, ки фарҳанги сиёсӣ ва ҳуқуқии сокинони Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле боло рафта, онҳо дар чунин маъракаҳои сиёсӣ бо дарки масъулияти баланди шаҳрвандӣ иштирок менамоянд.
Раванди овоздиҳӣ то соати 20:00 дар 3412 участкаҳои интихоботӣ идома меёбад.
Бино ба маълумоти Бахтиёр Худоёрзода, то ин соат ба КМИР ягон муроҷиат ва шикоят ворид нагардидааст.
Доир ба ҷараёни овоздиҳӣ имрӯз, 1 март мустақиман соати 18 низ хабар дода мешавад.
Маълумоти тоза доир ба иштироки интихобкунандагон соати 18:00 пешниҳод мегардад.









Раиси Маҷлиси намояндагон бо Сафири Беларус дар Тоҷикистон вохӯрӣ намуд
Дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд






