ИНТИХОБОТ-2020. Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ натиҷаҳои пешакии интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро эълон намуд

Март 2, 2020 15:30

ДУШАНБЕ, 02.03.2019/АМИТ «Ховар»/. Дар Душанбе нимаи дуюми рӯзи 2 март Комиcсияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон (КМИР)  натиҷаҳои пешакии интихоботи вакилон ба парламенти мамлакатро, ки дирӯз, 1 март, баргузор гардид, эълон намуд.

Тавре Раиси КМИР Бахтиёр Худоёрзода имрӯз дар брифинг бо иштироки намояндагони аҳзоб, мушоҳидони байналмилалӣ ва воситаҳои ахбори омма изҳор дошт, дар ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявии интихоботӣ аз рӯи рӯйхати ҳизбҳои сиёсӣ ба тарафдории Ҳизби Аграрии Тоҷикистон 700 ҳазору 582 нафар ё 16,50%, ба тарафдории Ҳизби Демократии Тоҷикистон 216 ҳазору 526 нафар ё 5,10%, ба тарафтории Ҳизби Ислоҳоти Иқтисодии Тоҷикистон 705 ҳазору 252 нафар ё 16,61%, ба тарафдории Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон 132 ҳазору 49 нафар ё 3,11%, ба тарафдории Ҳизби Сотсиалистии Тоҷикистон 218 ҳазору 696 нафар ё 5,15 %, ба тарафдории Ҳизби Сотсиал-Демократии Тоҷикистон 13 ҳазору 735 нафар ё 0,32% ва ба тарафдории Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 2 139 741 нафар ё 50,40% овоз додаанд.

Иттилоъ дода шуд, ки шумораи овозҳои интихобкунандагоне, ки ба муқобили рӯйхати ҳамаи ҳизбҳои сиёсӣ дода шудаанд, 52 ҳазору 30 нафар ё 1,39%-ро ташкил медиҳад.

Тибқи муқаррароти қонунгузории Тоҷикистон дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,-гуфт Бахтиёр Худоёрзода,- Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии  Тоҷикистон эълон менамояд, ки ҳизбҳои сиёсие, ки ба тарафдории онҳо 5% ва зиёда аз он интихобкунандагони дар интихобот иштироккарда овоз додаанд, миқдори зерини мандати вакилиро соҳиб шуданд.

Ҳизби Аграрии Тоҷикистон бо 16,50% 4 мандати вакилӣ, Ҳизби Демократии Тоҷикистон бо 5,10% 1 мандати вакилӣ, Ҳизби Ислоҳоти Иқтисодии Тоҷикистон бо 16,61% 4 мандати вакилӣ, Ҳизби Сотсиалистии Тоҷикистон бо 5,15 %  1 мандати вакилӣ, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо 50,40% 12 мандати вакилиро соҳиб шуданд.

Ёдовар мешавем, дар маҷмӯъ 4 миллиону 245 ҳазору 951 нафар интихобкунандагон дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ иштирок намуданд, ки ин 86,4%-и шумораи умумии интихобкунандагонро ташкил медиҳад.

Бахтиёр Худоёрзода ҳамчунин номи 41 нафар вакилони аз ҳавзаҳои якмандатӣ интихобшударо эълон намуд.

41 нафар номзадҳои зерин, ки ба тарафдории онҳо зиёда аз 50%- интихобкунандагони дар интихобот ширкатварзида, дар ҳавзаи якмандатаи дахлдор овоз доданд, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд.

Аз ҳавзаҳои интихоботии якмандата:

Фирдавсӣ №1 — Насриддинзода Эмомалӣ Сайфиддин

Исмоили Сомонӣ №2 — Меликова Парвина Иноятуллоевна

Шоҳмансур №3 — Обидов Фозил

Сино№4 — Шоҳмурод Рустам

Турсунзода №5 — Холмаҳмадзода Солеҳа

Шаҳринав №6 — Баротзода Файзулло

Ҳисор№7 — Уроқова Сурайё Дӯстмуродовна

Сомонӣ№8 — Юсуфӣ Муҳаммадраҳим

Рӯдакӣ №9 — Усмонзода Хайриддин Усмон

Ваҳдат №10 — Муртазозода Ҷамшед Сайдалӣ

Файзобод №11 — Наҷмиддинов Файзулло Раҷабович

Рашт №12 — Зокирзода Муҳаммадтоҳир Зоир

Хуҷанд №13 — Назирӣ Гулбаҳор Назир

Бобоҷон Ғафуров №14 — Мирзозода Мавлудахон Зайнӣ

Урунхоҷаев №15 — Ахмедов Мирзоанвар

Ҷаббор Расулов №16 — Акрамзода Баҳодур Исмоил

Ашт №17 — Зиёӣ Баҳриддин Саҳобиддин

Мастчоҳ №18 —  Азиззода Ғайрат Мулломаҳмад

Конибодом №19 — Раҷабзода Равшан Муҳиддин

Исфара№20 — Шамсиддинзода Мавзуна Шамсиддин

Панҷакент №21 — Шодизода Парвиз Шодибой

Айнӣ №22 -Шарифзода Ғиёсиддин

Истаравшан№23 — Умаров Абдуҷаббор Қаҳҳорович

Деваштич №24 — Исмоилзода Зуфар Муртазохон

Спитамен №25 — Аҳмадзода Бахтиёр Ҳикматулло

Бохтар №26 — Маҷидова Сарвиноз Комиловна

Кӯшониён №27 — Шодиён Муҳаммад Султонзода

Абдураҳмони Ҷомӣ №28 — Ашӯрзода Гулбаҳор Сангило

Ёвон №29 — Азимзода Толибхон Ситомурод

Ҷалолиддини Балхӣ №30 — Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло

Қубодиён №31 — Файзуллозода Зафар Хайрулло

Вахш №32 — Сафарзода Бахтовар Амиралӣ

Ҷайҳун №33- Шарофзода Гавҳар

Фархор №34 — Раҳмонзода Зоҳир Файзалӣ

Ҳамадонӣ №35 — Одинаев Ҳаёт Абдулҳақович

Данғара № 36 — Абдухолиқзода Лутфия Абдухолиқ

Кӯлоб №37 — Ҳакимзода Шариф Саидович

Мӯъминобод №38 — Абдуллоев Мироҷ Саломович

Восеъ №39 — Латифзода Рустам Барот

Ванҷ №40 — Қодири Қосим

Хоруғ № 41 — Гиёзода Азиз Қодир

Ба гуфтаи Бахтиёр Худоёрзода, дар натиҷаи  интихоботи баргузоргардида аз ҳизбҳои сиёсии дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ ширкатварзида аз рӯйхати номзадҳо ва аз ҳавзаҳои якмандатии интихоботӣ дар маҷмӯъ намояндагонишаш ҳизби сиёсӣ вакили Маҷлиси намояндагон интихоб гардиданд.

Ҳаминтавр,- гуфт Раиси КМИР, интихобот ошкорову шаффоф, ба таври озод ва дар асоси алтернативӣ баргузор гардида,  дар он  аксари интихобкунандагон бо дарки масъулияти баланди шаҳрвандӣ ширкат варзиданд.

«Иштироки фаъолонаи шаҳрвандон дар интихобот нишонаи камолоти фарҳанги сиёсии ҷомеа ва саҳмгузории мардуми шарифи Тоҷикистон дар пойдории Истиқлолияти давлатӣ ва суботи ҷамъиятиву сиёсии мамлакат арзёбӣ мегардад», — афзуд мавсуф.

Март 2, 2020 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

28 декабр ҷаласаи якҷояи даҳуми Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор мегар­дад
Иҷлосияи бистуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум доир мегардад
28 декабр ҷаласаи якҷояи даҳуми Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор мегар­дад
Иҷлосияи бистуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум доир мегардад
27 декабр иҷлосияи бистуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор мешавад
Густариши ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
ИНТИХОБОТ-МАЪРАКАИ МУҲИМИ СИЁСӢ. Он ягона чорабинии сиёсӣ аст, ки дар он ҳама ҳуқуқи иштироки баробар, ошкоро ва озод доранд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Қарори КМИР дар бораи таъсиси ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявии интихобот манзур мегардад
Ҷаласаи кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният доир шуд
Ҷаласаи кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисодиёту коммуникатсия баргузор шуд
Минбаъд 11 январ Рӯзи кормандони мақомоти зиддиинҳисорӣ таҷлил мегардад
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон номзадҳои худро ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ ва пешниҳод намуд