Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон Маулен Ашимбаев мулоқот намуданд
ДУШАНБЕ, 26.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар доираи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Қазоқистон Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон Маулен Ашимбаев мулоқот анҷом доданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни мулоқоти роҳбарони палатаҳои болоии парламентҳо ва музокироти васеъ бо иштироки ҳайатҳои парламентии Тоҷикистону Қазоқистон ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба, робитаҳои байнипарламентӣ, инчунин масоили мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои даъват ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Қазоқистон ба Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон изҳори сипос карда, алоқамандии ҷониби Тоҷикистонро ба сатҳи баланди дӯстӣ ва ҳамкории бисёрҷониба бо Қазоқистон таъкид доштанд.
Ҷонибҳо аз тамоюли мусбати муносибатҳои стратегӣ ва ҳампаймонӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон изҳори қаноатмандӣ намуда, саҳми боризи Сарони ду давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Қосим-Жомарт Токаевро дар тақвияти ин раванд баланд арзёбӣ карданд.

Аҳамияти таърихии имзои Аҳднома дар бораи муносибатҳои ҳампаймонӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон, ки дар таърихи ҳамкории ду давлат саҳифаи нав боз намуд, таъкид гардид.
Дар мулоқот робитаҳои байнипарламентӣ яке аз самтҳои калидии маҷмуи муносибатҳои байни ду давлат номида шуд.
Маҷлиси миллӣ ва Сенати Парламент ҳамкории мутақобили судмандро пайваста ва дар сатҳи сифатан баланд ба роҳ монда, дар таҳкими муносибатҳои боэътимод байни давлатҳо нақши рӯзафзун доранд.
Аз рушди муназзами муносибатҳои дуҷонибаи кишварҳо дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, фарҳангию гуманитарӣ, илмию техникӣ ва ҳарбию техникӣ изҳори қаноатмандӣ карда шуд.
Таваҷҷуҳи ҷонибҳо ба густариши пайвастаи ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ зоҳир гардид.
Бахшҳои саноати кӯҳӣ, саноати сабук, хӯрокворӣ ва кимиё, металлургияи ранга, дорусозӣ, мошинсозӣ, кишоварзӣ, энергетика, нақлиёт ва коммуникатсия самтҳои афзалиятноки ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон ва Қазоқистон номида шуданд.


Рақамикунонии иқтисодиёт аз самтҳои ояндадори ҳамкорӣ байни ду давлат маънидод гардид.
Таъкид карда шуд, ки Тоҷикистон ва Қазоқистон дар баррасии масъалаҳои обу иқлим ва истифодаи оқилонаи захираҳои обии минтақа ба таври самарабахш ҳамкорӣ менамоянд.
Дар идома ҷонибҳо ба масоили вобаста ба тавсеа ва густариши робитаҳои фарҳангиву гуманитарӣ, бахусус маориф, илм ва фарҳанг таваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд. Баргузории Рӯзҳои фарҳанг ва ташкили ҳамоишҳои муштараки илмию амалӣ ва фарҳангӣ муҳим арзёбӣ шуд.
Вобаста ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ табодули афкор анҷом ёфта, ҷонибҳо аз идомаи ҳамкории созандаи ду давлат дар самти таҳкими сарҳадот ва муқовимати муштарак бар зидди таҳдиду хатарҳои фаромиллӣ ҷонибдорӣ карданд.
АКС: Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон









Дар даври омӯзишии байналмилалӣ дар Италия масоили дипломатияи илмӣ ва ҳамкории байналмилалӣ баррасӣ мешаванд
Файзалӣ Идизода бо муовини раиси Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Корея вохӯрӣ намуд
Файзалӣ Идизода бо Сафири Ҷумҳурии Корея дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи солонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок намуд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Раиси Агентии Чин оид ба ҳамкории рушди байналмилалӣ мулоқот намуданд
Мулоқоти Раиси Маҷлиси намояндагон бо Раиси Кумитаи миллӣ оид ба ҳуқуқи инсони Давлати Қатар доир гардид
Файзалӣ Идизода бо Раиси Маҷлиси Шурои Подшоҳии Арабистони Саудӣ вохӯрӣ намуд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Раиси Маҷлиси Шурои Подшоҳии Арабистони Саудӣ мулоқот намуданд
Дар Душанбе тавсеаи робитаҳои парлумонии Тоҷикистон ва Русия баррасӣ гардид
Раиси Маҷлис-аш-Шурои Подшоҳии Арабистони Саудӣ бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф меорад
Қабули қатъномаи Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда рӯйдоди воқеан таърихӣ ва мояи ифтихори ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мебошад
Дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ созишномаи сармоягузорӣ ба тасвиб расид






