Дар Парлумони Тоҷикистон се фраксияи ҳизбҳои сиёсӣ ва як гурӯҳи вакилони ғайриҳизбӣ ба қайд гирифта шуданд

Апрель 16, 2020 13:00

ДУШАНБЕ, 16.04.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон се фраксияи ҳизбӣ ва як гурӯҳи вакилони ғайриҳизбӣ ба қайд гирифта шуданд. Дар ин бора котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ «Ховар» хабар дод.

Дар робита ба ин зимни ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум, ки 15 апрел таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода  дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, қарори дахлдор қабул шуд.

Тибқи муқаррароти Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дастури Маҷлиси намояндагон вакилони мардумӣ барои изҳори дастаҷамъонаи ақидаҳои сиёсӣ, амалӣ гардонидани барномаҳо ва ҳадафҳои пешазинтихоботии худ  ҳуқуқ доранд дар фраксияву гурӯҳҳо муттаҳид шаванд.

«Бо назардошти меъёрҳои муқарраргардида ва қабули қарори дахлдори Маҷлиси намояндагон дар палатаи поёнии Парлумони мамлакат се фраксияи ҳизбҳои сиёсӣ ва як гурӯҳи вакилони ғайриҳизбӣ таъсис ёфта, ба қайд гирифта шуданд», — афзуд манбаъ.

Тибқи қарори қабулгардида, фраксияҳои Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар ҳайати 42 нафар, Ҳизби аграрии Тоҷикистон дар ҳайати 7 нафар, Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон дар ҳайати 5 нафар ва Гурӯҳи вакилони ғайриҳизбӣ дар ҳайати 5 нафар дар Маҷлиси намояндагон ба қайд гирифта шуданд.

Апрель 16, 2020 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба иҷрои «Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2021-2025» ҳамоиш баргузор гардид
Пиряхҳои Тоҷикистон объекти муҳити зист ва манбаъҳои стратегии захираҳои об мебошанд
Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» тағйироту илова ворид гардид
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон мулоқот намуд
Вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи муштараки комиссияҳои доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштирок намуданд
Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» тағйиру иловаҳо ворид карда шуд
Дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаҳо ба тасвиб расиданд
Муовини Раиси Маҷлиси намояндагон бо Роҳбари Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Душанбе мулоқоти вакилони Парлумони Тоҷикистон бо намояндагони Туркманистон баргузор шуд
Вакили Парлумон дар ҷаласаи комиссияи назоратию буҷетии Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба таври фосилавӣ иштирок намуд
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Пешвои миллии халқи туркман-Раиси Халқ Маслиҳатии Туркманистон мулоқот анҷом дод
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Пешвои миллии халқи туркман, Раиси Халқ Маслиҳатии Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов мулоқот намуданд