«Субҳи беғуруб»-и шоир Ато Мирхоҷа ба нашр расид

Апрель 19, 2020 10:12

ДУШАНБЕ, 19.04.2020. /АМИТ «Ховар»/. Нашриёти «ЭР-граф» маҷмӯаи ашъор, достон ва манзумаҳои шоири шинохта, барандаи Ҷоизаи адабии ба номи М. Турсунзода Ато Мирхоҷаро таҳти унвони “Субҳи беғуруб” ба нашр расонда, дастраси хонандагон намуд.

Маҷмӯа ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳдо гардида, бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон интишор ёфтааст.

Ато Мирхоҷа дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз намуд, ки дар китоб манзумаҳои «Субҳи беғуруб» (бахшида ба Иҷлосияи 16-уми сарнавиштсози Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон), «Истиқлол» (бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон), «Анҷумани наврӯзӣ»  (бахшида ба мулоқоти Пешвои миллат бо зиёиён), «6 ноябри соли 2017», (эҳдо ба ифтитоҳи Боғи устод Айнӣ дар таъмири тоза), достонҳои «Нуристон» (роҷеъ ба сохтмони НБО-и “Роғун”), «Ҷони ширин» (бахшида ба Ваҳдати миллӣ) ва шеърҳое, ки бо дастгирӣ аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суруда шудаанд, гирдоварӣ гардидаанд.

Муҳаррири маҷмӯа Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло мебошад.

Апрель 19, 2020 10:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Китоби «Мероси таърихӣ, фарҳангӣ ва табиии Тоҷикистон» аз чоп баромад
Антропологи машҳури рус дар ёдгории Сари Майни ноҳияи Айнӣ таҳқиқот мегузаронад
НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 21 июл дар вазорату идораҳои Тоҷикистон нишастҳои матбуотӣ оғоз мегарданд
«Қалъаи Хуҷанд» ба рӯйхати 10 мавзеи ҷолиби сайёҳии Тоҷикистон шомил гардидааст
Дар мавзеи Сари Майни ноҳияи Айнӣ корҳои омӯзишии бостоншиносӣ ва антропологӣ оғоз ёфт
Санъаткорони Қирғизистон Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо карданд
Дар Душанбе бо мақсади рушди ҳамкорӣ дар самти илмҳои яхшиносӣ вохӯрӣ баргузор гардид
Ба Маркази мероси хаттӣ беш аз 100 нусха китобҳои чопи сангӣ ва дастнависҳо тақдим гардид
«ШОҲНОМА». Фирдавсӣ дар сар то сари ин асари безавол дӯст доштани Ватанро таъкид мекунад
Дар Бадахшон 70 нафар ба даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» роҳхат гирифтанд
Беш аз 23 ҳазор нусха китобҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фиристода шуд
«ДӮСТИИ АБАДӢ». Таҳту чунин унвон барномаи фарҳангии Тоҷикистон ва Қирғизистон доир мегардад