Ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ дар сиғаи видеоконфронс баргузор гардид

Май 13, 2020 10:35

ДУШАНБЕ, 13.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), ки бори аввал дар сиғаи видеоконфронс баргузор гардид, иштирок намуд, хабар медиҳад АМИТ “Ховар” бо истинод ба ВКХи ҷумҳурӣ.

Вазирони корҳои хориҷӣ ҳамкории ниҳодҳои сиёсати хориҷиро оид ба масъалаҳои гуногуни рӯзномаи Иттиҳод мавриди баррасӣ қарор дода, зарурати ҳифзи василаҳои мавҷудаи ҳамкориро дар соҳаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва нақлиётиву коммуникатсионӣ дар шароити пандемияи ҷаҳонӣ ва маҳдудиятҳои карантинӣ махсус зикр намуданд. Дар масъалаи таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг ва сайёҳӣ муфассал табодули афкор сурат гирифт.

Дар суханронии Сироҷиддин Муҳриддин мавқеи Тоҷикистон оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва самтҳои афзалиятноки иштироки ҷумҳурӣ дар ИДМ баён гардид.

Дар натиҷаи ҷаласа, ки таҳти раёсати Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид, 11 санад ба имзо расид.

Май 13, 2020 10:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қирғизистон рушди мунтазами муносибатҳои дуҷонибаро таъкид карданд
Сафири Тоҷикистон бо Раиси иҷроии Фонди рушди саудӣ мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар нишасти Шурои вазирони корҳои хориҷии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ба муносибати Рӯзи ваҳдати миллӣ дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт чорабинии тантанавӣ доир гардид
Нишасти навбатии Гурӯҳи корӣ дар қолаби С5+Олмон баргузор гардид
Тоҷикистон аз созиши оташбас байни Исроил ва Эрон истиқбол менамояд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Малдив эътимоднома супорид
Дар Душанбе тақвияти ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Қатар дар соҳаи иқтисоду тиҷорат баррасӣ шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тоҷикистон зарбаҳои неруҳои ҳарбии ҳавоии Амрико ва Исроилро ба иншооти ҳастаии Эрон қатъиян маҳкум мекунад
Роҳбарони агентиҳои давлатии иттилоотии кишварҳои ИДМ дар Санкт-Петербург рушди ҳамкориро баррасӣ намуданд
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ «Осиёи Марказӣ – меҳвари СҲШ: 25 соли ҳамкорӣ ба хотири рушди муштарак» доир гардид