ДАР ХОНА, САМИМОНА… Иди саиди Фитр дар Тоҷикистон 24 май таҷлил карда мешавад
ДУШАНБЕ, 20.05.2020. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо содир намудани як қарор санаи иди саиди Фитрро муайян намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар қарори Шӯрои уламо омадааст, мувофиқи ҳисоби илмӣ иди саиди моҳи шарифи Рамазон дар тамоми қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи якшанбе, 24-уми май таҷлил карда шавад.
Инчунин, дар ин қарор гуфта мешавад, вобаста ба шароити пешомада, ки аз ихтиёри мо берун аст, ҳар як намозгузор дар вақти намози ид дар манзили худ самимона ба зикру ниёиш ва дуруду дуо машғул шавад.
Тибқи ин қарор бо дарназардошти вазъи кунунӣ ва паст намудани сатҳи камбизоатӣ садақаи фитр ба ниёзмандону бенавоён ва закот дар баробари ба ниёзмандону маъюбон, ятимон, инчунин ба суратҳисоби махсуси ёрӣ ба беморони COVID-19 супорида шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми шодбошии худ ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон таъкид намуданд, ки дар ин моҳи муборак баробари ба ҷо овардани тоату ибодат ва зоҳир намудани меҳрубониву самимият иҷрои амалҳои солеҳ, аз қабили хайру эҳсон ва парҳезгорӣ аз ҷумлаи беҳтарин фазилатҳои инсониву имонӣ дониста шудааст.
«Шахсони парҳезгору хайрхоҳ дар моҳи шарифи Рамазон корҳои савобро бештар анҷом медиҳанд, ба ятимону маъюбон, камбизоатону дармондагон ва муҳтоҷону мусофирон дасти кумаку ёрмандӣ дароз мекунанд. Омезиш ва пайванди устувори арзишҳои миллӣ ва диниву фарҳангӣ моро ба амалҳои хайру савоб, сарфаю сариштакорӣ, тарбияи дурусти насли наврас ва тарғиби илму маърифат ҳидоят мекунад», — тазаккур доданд Пешвои миллат.
Дар зимни эълони санаи баргузории иди саиди Рамазон дар кишвар Раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Давлатзода зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт: «Аслан, аз дидгоҳи дин маросими идгардак як амри мубоҳ буда, ҳатто дар замони осоиштагию офият анҷом додани он барои шахси мусулмон амри ҳатмӣ нест. Чӣ расад ба оне ки имрӯз мо дар як марҳилаи ҳассос қарор дорем ва дар як ҷо ҷамъ омадани одамон поёмадҳои ногуворе дошта метавонад».
Ба андешаи Сулаймон Давлатзода, агар ҳадаф аз анҷом додани «идгардак» таҳният гуфтани ҳамдигар аст, пас ҳамвататанони мо метавонанд аз тариқи телефон ва паёмрасонҳои дигар ҳамдигарро табрик намоянд.
Дар идомаи суҳбат Раиси Кумита аз таъкиди саривақтии Пешвои миллат, ки гуфта буданд: «Мову шумо набояд ба умеди дигарон шавем. Чунки имрӯзҳо ҳамаи кишварҳои олам дар фикри ҳалли мушкилоти худашон ҳастанд ва касе намедонад, ки ин ҳолат чӣ қадар идома меёбад ва дар пеш моро боз чӣ мушкилоти дигар интизоранд» ёдовар шуда, иброз дошт, ки имрӯзҳо ҳамватанони азизи мо бояд бар ҳар гуна таҳлука дода нашуда, беш аз ҳар рӯзи дигар бо хушбинӣ нисбат ба фардои нек ба хотири беҳбуди вазъи зиндагонии худ талош варзанд.








Дар Кӯлоб бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба шаҳри Кӯлоб сафар намуд
ОГОҲӢ. Дар баъзе шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон то 4 май хавфи сар задани сел боқӣ мемонад
Дар шаҳри Кӯлоб дар пайи бориши пай дар пай сел омада, ба хонаҳои сокинон хисорот расид
Собиқадори хизмати давлатӣ Тоҳир Рашид: «Обод намудани Ватан ибодат ва аз гӯшаи имон аст»
Дар Душанбе густариши ҳамкории Тоҷикистону Покистон дар соҳаи меҳнат ва касбомӯзӣ баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Бавария ҳамкориро дар самти таҳсилоти касбӣ густариш медиҳанд
Оид ба ҳамкорӣ дар самти ҷалби мутахассисони ҷавони соҳибтахассус Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Байни Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон ва Маркази тадқиқоти сиёсати хориҷии Узбекистон Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Дар ноҳияи Кӯшониён бо фаъолон ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ҲИФЗИ МЕҲНАТ. Ба масоили бехатарии меҳнат ва ҳифзи саломатии кормандон таваҷҷуҳи бештар зоҳир мегардад
Ғолиби Фестивали «Сайри гули лола» Сайфиддин Файзиддинов: «Тоҷикон аз қадимулайём гулпарвар буданд»






