ХАБАРИ ФАВРӢ. Шумораи гирифторони коронавирус дар Тоҷикистон ба 230 нафар расид

Май 4, 2020 16:45

ДУШАНБЕ, 04.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз шумораи шахсони гирифтор ба коронавируси COVID-19 дар Тоҷикистон 102 нафар зиёд шуда, ба 230 кас расид. Ҳамчунин то имрӯз  3 ҳолати фавти шаҳрвандон аз сирояти коронавируси нави COVID-19 дар мамлакат ба қайд гирифта шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, ба ҳолати 4 май дар муассисаҳои табобатии кишвар ҳамагӣ 3208 нафар зери назорати табибон қарор дошта, дар як шабонарӯзи охир 246  нафар пас аз гузаронидани ташхису муоина дар ҳолати қаноатбахш аз муассисаҳои табобатӣ ба хона ҷавоб дода шудаанд.

«То соати 16:30 дақиқаи 4 май дар мамлакат 230 ҳолати сироятёбии шаҳрвандон ба коронавируси нави COVID-19, аз ҷумла 110 ҳолат дар шаҳри Душанбе, 22 ҳолат дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, 7 ҳолат дар ВМКБ, 21 ҳолат дар вилояти Хатлон ва 70 ҳолат дар вилояти Суғд ошкор гардид. Ҳамзамон, то имрӯз 3 ҳолати фавти шаҳрвандон аз сирояти коронавируси нави COVID-19 дар мамлакат ба қайд гирифта шуд», — омадааст дар иттилоияи маркази матбуоти вазорат.

Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ айни замон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ намуда истодаанд.

Тибқи маълумоти нави Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ), ҳамагӣ дар ҷаҳон 3 миллиону 582 ҳазору 804 нафар ба коронавирус гирифтор шудаанд, ки аз ин шумора 248 ҳазору 286 нафар вафот карда, 1 миллиону 160 ҳазору 110 кас шифо ёфтаанд ва 50 ҳазору 20 тан дар ҳолати вазнин қарор доранд.

Дар дигар кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), аз ҷумла дар Россия, ки дар он шумораи зиёди шахсони гирифтор ба COVID-19 ба қайд гирифта шудааст ва аз рӯи ин нишондод дар ҷаҳон дар ҷойи 7-ум қарор дорад, давоми рӯз 10 ҳазору 581 ҳолати нави сироятёбӣ ошкор гардид. Дар умум дар Россия 145 ҳазору 128 нафар сироят ёфта, аз онҳо 18 055 нафар табобат шудаанд ва 1 356 кас фавтидаанд.

Дар Беларус ва Украина, ки дар ҳудуди ИДМ баъд аз Россия шумораи зиёди беморони мубталои коронавирусро тасдиқ кардаанд, имрӯз мутаносибан 784 ва 418 ҳолати нави сироятёбӣ эълон гардид. Дар маҷмӯъ дар ин давлатҳо 17 489 ва 12 331 нафар ба коронавирус мубтало шудаанд. Дар Беларус 103 нафар фавтида, 3 259 кас шифо ёфтаанд. Дар Украина нисбат ба Беларус шумораи ҳолатҳои фавт зиёдтар буда, 303 нафарро ташкил медиҳад. Ҳамчунин дар он 1 619 нафар табобат шудаанд.

Дар Молдова 4 121 ҳолати сироятёбӣ тасдиқ гардида, аз онҳо 1 423 нафар шифо ёфтаанд ва 128 каси дигар вафот кардаанд.

Шумораи мубталоёни навъи нави коронавируси COVID-19 дар Арманистон имрӯз 121 нафар зиёд шуда, ба 2 507 кас расид. Дар он 1 397 нафар шифо ёфта, 39 каси дигар вафот кардаанд.

Дар се давлати дигари Осиёи Марказӣ — Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон давоми рӯз мутаносибан 68, 11 ва 35 ҳолати нав тасдиқ шуда, дар умум аз рӯи тартиб 3 988,  2 160 ва 830 нафарро ташкил медиҳад. Дар Қазоқистон нисбат ба се давлати дигари минтақаи Осиёи Марказӣ нишондоди фавти беморони гирифтори коронавирус бештар аст – 27 нафар. Дар он аз шумораи умумии сироёятшудагон 1 107 нафар шифо ёфтаанд. Дар Ӯзбекистон беморони шифоёфта 1 327 нафарро ташкил дода, 10 каси дигар вафот кардаанд. Дар Қирғизистон 10 ҳолати фавт сабт гардида, 575 нафар табобат шудаанд.

Дар Озарбойҷон нишондоди гирифторони ин беморӣ 1 932 нафар буда, аз онҳо 1 441 нафар табобат шудаанд ва 25 кас фавтидаанд.

Миёни давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ИДМ то имрӯз танҳо дар Туркманистон ягон ҳолати сирояти коронавирус расман ба қайд гирифта нашудааст.

Дар Афғонистони ҳамсоя шумораи мубталоён ба коронавирус 2 704 нафар буда, 345 нафари онҳо шифо ёфтаанд ва 85 тани дигар вафот кардаанд.

Ба даҳгонаи кишварҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди гирифторони коронавирус ба қайд гирифта шудааст, ба ҷуз аз Россия ҳамчунин ИМА (1 188 826 нафар), Испания (247 122), Италия (210 717), Британияи Кабир (186 599), Франсия (168 693), Германия (165 664), Туркия (126 045), Бразилия (101 826) ва Эрон (98 647) дохил мешаванд.

Бояд гуфт, ки 11 март СУТ хуруҷи COVID-19-ро пандемия эълон кард ва имрӯз дар бораи беш аз 210 давлату ҳудуд ва ду киштии саёҳатии байналмилалии «Diamond Princess» ва «MS Zaandam», ки дар онҳо ҳолатҳои сироятёбӣ ба қайд гирифта шудаанд, гузориш медиҳад.

Май 4, 2020 16:45

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ 2025 — СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар ин сол Тоҷикистон мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо мегардад
Соли 2024 дар таърихи мушоҳидаҳо соли аз ҳама гармтарин эътироф гардид
Ҷойгоҳи паёмҳои Президенти Тоҷикистон дар таъсиси ниҳодҳои хос оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон назаррас аст
Расман ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид гардидани ҷашни Меҳргон ифтихор аст
ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ ВА НАВРАСОН. Дар ин фазо кӣ ва ё чиро мебояд назорат кард?
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ ба Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» идома доранд
ПАРЧАМЕ, КИ БАЛАНД АСТ ВА САРИ МОРО ҲАМЕША БАЛАНД МЕДОРАД. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар ин хусус
Нахустин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ ҳифз ва муаррифӣ мешавад
ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР КУҶО БОЯД НАСБ КАРДА ШАВАД? Вакили Маҷлиси намояндагон ба ин савол посух дод
ИСТИҚЛОЛИЯТ БА ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – СИЁСАТМАДОРИ САТҲИ ҶАҲОНИРО ДОД. Эътироф ва тафсири мақоми шоистаи Пешвои миллат аз ҷониби шахсиятҳои ҷаҳон
16 — НОЯБР РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Нигоҳе ба таҳаввул ва ташаккули ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон
ТАШАББУСҲОИ ТОҶИКИСТОН — ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ ДАР ПЕШОРӮИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ ҚАРОРДОШТА. Эҳдо ба Рӯзи Президент