Машварати ғайринавбатии вазирони корҳои хориҷии СҲШ бори аввал дар шакли видеоконфронс баргузор шуд

Май 14, 2020 09:13

ДУШАНБЕ, 14.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. 13 май Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар машварати ғайринавбатии вазирони корҳои хориҷии давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай, ки аввалин бор дар шакли видеоконфронс баргузор шуд, иштирок намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Зимни машварат вазирони корҳои хориҷӣ дар бораи вазифаҳои авлавиятноки СҲШ оид ба мубориза бо ҳамагирии бемории сироятии коронавирус мубодилаи муфассали афкор намуда, абзорҳои имконпазири ҳамкорӣ барои коҳиш додани пайомадҳои таъсири манфӣ ба рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии кишварҳои «оилаи СҲШ»-ро муҳокима карданд.

Дар суханронии худ Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон таъсири манфии ҳамагирии ҷаҳониро ба нишондиҳандаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон зикр карда, масъалаи коҳиш додани талафоти даромади буҷети ҷумҳуриявиро матраҳ намуд.

С. Муҳриддин ҳамчунин ба ҳамтоёни худ дар бораи дигар масъалаҳои вобаста ба ҳамагирӣ, пеш аз ҳама зарурати таъмини имкониятҳои транзитию коммуникатсионӣ ва амнияти озуқаворӣ, инчунин таъминоти таҷҳизоти тиббӣ ва доруворӣ маълумот дод.

Дар суханронии С. Муҳриддин ба масъалаҳои таъмини амнияти минтақавӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Дар ин росто Вазир чолишҳо ва таҳдидҳои аз Афғонистон барояндаро матраҳ карда, зарурати таҳкими бештари сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Афғонистонро таъкид намуд.

Зимни  машварат вазирон нақш ва ҷойгоҳи СҲШ дар низоми муосири муносибатҳои байналмилалиро баррасӣ карда, дар бораи аҳамияти дар сатҳи шоиста таҷлил намудани Ғалаба дар Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ ва 75–умин солгарди таъсис ёфтани Созмони Милали Муттаҳид изҳори назар карданд.

Роҳбарони ҳайатҳо инчунин масъалаҳои омодагӣ ба ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои узви СҲШ ва дигар чорабиниҳоро дар чаҳорчӯби раёсати Федератсияи Россия дар СҲШ баррасӣ намуданд.

Аз натиҷаи машварат Изҳороти вазирони корҳои хориҷии СҲШ дар робита ба паҳншавии коронавирус (COVID-19) қабул гардид.

Акс аз ВКХ ҶТ

Май 14, 2020 09:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе аҳаммияти ҳамкории байналмилалӣ барои таъмини рушди устувор баррасӣ гардид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо мудири кулли Дафтари СММ дар Вена мулоқот намуд
Дар Риёз ҳамкорӣ байни Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ва Комиссияи синамои Арабистони Саудӣ баррасӣ шуд
Дар Вена баргузории ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Австрия баррасӣ шуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини вазири корҳои дохилии Миср мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Вазири адлияи Эрон мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини парлумонии вазири корҳои хориҷии Ҷопон Эри Арфия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар вохӯрии муовини Котиби давлатии ИМА бо сафирони кишварҳои Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Умон баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо раиси Палатаи савдо ва саноати Салтанати Умон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Эрон дар соҳаи илму фарҳанг баррасӣ шуд
Дар Берлин консерти ансамбли «Моҳирон» дар доираи фестивали байналмилалии Young Euro Classic баргузор гардид