МУНОСИБАТҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ШАРОИТИ БУҲРОНИ ҶАҲОНИИ КОРОНАВИРУС. Андешаҳои Парвиз Муҳаммадзода, муовини Директори МТС дар ин мавзӯъ

Май 22, 2020 11:12

ДУШАНБЕ, 22.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Маълум аст, ки бемории коронавирус дар арсаи ҷаҳонӣ яке аз масъалаи муҳими баҳсу баррасӣ дар равобит ва ҳамкориҳои миёни кишварҳо ва созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ гардидааст. Ин аст, ки таҳлилгарони сиёсӣ вазъияти имрӯза ва ояндаи ҷаҳонро ҳамчун тартиботи нави ҷаҳонӣ ва идоранамоии афкори ҷомеаи ҷаҳонӣ баҳогузорӣ менамоянд. Суръати рушд ва нишондиҳандаҳои иқтисодии абарқудраттарин кишварҳои ҷаҳонӣ бо сабаби карантин ва дигар чораҳои пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус коҳиш ёфта истодааст. Иддае аз пажуҳишгарон дар раванди баҳогузории талафоти кишварҳои ҷаҳон, талафоти пандемияи коронавирусро бо талафоти ҷангҳои дар кишварҳои ҷаҳон гузашта муқоиса ва баррасӣ менамоянд, ки хулосабардории воқеӣ дорад. 

Чунин навиштааст   муовини  директори Маркази тадқиқоти стратегии  назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доктори илмҳои сиёсӣ Парвиз МУҲАММАДЗОДА дар маводи таҳлилии худ, ки ба унвонии АМИТ «Ховар» ирсол доштааст. Дар идома номбурда менависад:

Илова бар ин, аз буҳрони мазкур маълум шуд, ки ҳатто низомҳои тандурустии абарқудратарин кишварҳои ҷаҳонӣ низ дар ҳолати беморшавии аҳоли зиёд ба душворӣ дучор гардиданд ва ё аз уҳдаи идораи корҳои тандурустӣ баромада натавонистанд. Дар чунин шароит ҳатто бисёре аз кишварҳои дунё дар андешаи ислоҳоти ҷиддии соҳаи тандурустӣ шуда, истеҳсоли маҳсулоти ватании худро дар ин самт аз нав ба роҳ монданд. Эпидемияи ғайричашмдошт ҳатто тафаккури мардуми ҷаҳон ва системаи сохтории бунёдиро тағйир дода тавонист.

Бояд тазаккур дод, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба бемории коронавирус ва тадбирҳои саривақтии андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар суханронии пурмуҳтавои хеш дар мулоқот бо роҳбарону кормандони соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла чунин ибрози андеша намуданд: «Аз рӯзҳои аввали пайдоиши пандемияи коронавирус ва илтиҳоби шуш дар кишвар тадбирҳои саривақтиро ба роҳ монда, бо роҳбарии Сарвазири мамлакат Ситоди ҷумҳуриявиро таъсис додем. ….кори ситод зери назорати шахсии Роҳбари давлат қарор дода шуд. Илова бар ин, тавассути бастани марзҳо, манъи парвозҳои байналмилалӣ ва карантин намудани мусофирони аз берун воридшаванда мо тавонистем муддате пеши роҳи паҳншавии босуръати вирусро нигоҳ дорем. Аммо таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки то ҳол ба ҷуз аз риояи қоидаҳои беҳдоштӣ, яъне гигиенаи шахсӣ ва ҷамъиятӣ дигар роҳи самараноки пешгирӣ кардани паҳншавии ин вирус вуҷуд надорад».

Муовини директори МТС,
доктори илмҳои сиёсӣ

Имрӯз дар раванди мубориза бар зидди COVID-19 бозингарони асосии муносибатҳои байналмилалӣ таҷрибаи нави ҳамкориро аз худ карда истодаанд. То андозае доираи ҳамкории давлатҳои миллӣ васеъ мегарданд.  Бинобар ин, чунин шароити нави баамаломадаи ҷаҳонӣ аз ҳар як кишвар пешбурди сиёсати фаъоли  хориҷиро тақозо менамояд. Дар ин раванд сатҳи баланди ҳамкорӣ миёни кишварҳо ба назар мерасад. Дар баробари ин, дар шароити буҳрони ҷаҳонии коронавирус иқтидори технологияҳои рақамӣ дар ҳама соҳаҳо бараъло мушоҳида мегардад. Аз ҷумла, дар низоми равобити кишварҳо ва созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ сиғаи нави нишаст ва вохӯриҳои роҳбарони давлатҳо ва созмонҳо, инчунин нишастҳои Сарвазирони кишварҳо ва  вазирони ниҳодҳои соҳавӣ дар шакли видеоконференсияҳо, «вебсаммитҳо», «семинарҳо ва вебинарҳо», «вебнишастҳо», «вебмашваратҳо», ва ҷаласаҳои онлайн бо истифода аз технологияҳои иттилоттию коммуникатсионӣ бори аввал ба амал омаданд. Яъне технологияҳои иттилоттию коммуникатсионӣ  дар пешбурди сиёсати хориҷӣ низ нақши муҳим дошта, фаъол намудани пешбурди сиёсати хориҷии рақамӣ дар низоми равобити байналмилалӣ бештар ба назар расида, талаботи замон ва ба манфиати ҳар як давлат равона карда шудааст.

Кишварҳои абарқудрат  шароити буҳрони ҷаҳонии коронавирусро истифода намуда, ҷиҳати баланд бардоштани имиҷи давлати худ дар сатҳи ҷаҳонӣ аз қувваи нарм истфодаи фаъол мебаранд ва баъзеи дигар ин фурсатро истифода намуда, бо пешбурди сиёсати фаъоли хориҷӣ манфиатҳои ҳаётан муҳими миллӣ ва талаботҳои кишвари худро таъмин ва қонеъ менамоянд. Дар ин раванд баъзе кишварҳои абарқудрат вобаста ба вазъияти баамаломадаи ҷаҳонӣ ҳатто дар айбдор намудани кишварҳои дигар низ машғуланд. Гурӯҳҳои террористию эктремистӣ бошанд, бо дуруғпардозӣ ва ваҳмафканӣ дар шабакаҳои иҷтимоии фазои маҷозӣ машғул буда, фурсатро барои ҳадафҳои нопоки худ истифода мебаранд. Аз навиштаҳои бардурӯғи онҳо ба назар чунин мерасад, ки гуё ин беморӣ танҳо дар кишвари мо бошад ва танҳо ин камбудиро мо доштаему халос. Не албатта ин тавр нест. Нашри хабарҳои бардурӯғе, ки ҳеҷ асоси воқеӣ надоранд, касе ба онҳо бовар намекунад ва дигар хоҳиши бовар кардан ҳам надоранд. Зеро аз дурӯғпардозии гурӯҳҳои террористию ифротгаро мардуми мо хаста шуда, дигар ҳадафҳои нопоки онҳоро хуб медонанд.

Бояд гуфт, ки дар паҳншавии ин бемории сирояткунанда камбудӣ ва норасогиҳо дар тамоми ҷаҳон ба назар мерасад ва мардум  нигаронӣ зоҳир менамоянд, ба замми ин дар канори ҳукумати кишвари худ муттаҳид шуда, бо тамоми ҳастӣ бар зидди ин «вабои аср» дастаҷамъона мубориза мебаранд. Гурӯҳҳои табоҳкор ва бозингарони сиёсӣ бошанд, ин фурсатро истифода бурда, аз дур вазъият ва мушкилотро ба таври худ шарҳ ва вонамуд мекунанд, ки гӯё онҳо «маркази қабули дарди мардум» бошанд. Аммо дар асл кор танҳо ба таҳлукаангезӣ, тарсафканӣ ва тӯҳмат буда, танҳо  тезонидани  ҳадафҳои нопоке дар пай доранд. Дурӯғпардозон ва демократмаобон ҳоло ҳам кӯшиши бесуботии вазъият дар кишварро доранд, вале дигар руҳи шикастнопазири миллати тоҷикро ҳеҷ гоҳ  халалдор карда наметавонанд. Баръакс чунин вазъият боз ҳам муттаҳидӣ,  ватандустӣ ва меҳру муҳаббати мардуми кишварро ба якдигар ва ба  кишвари азизамон даҳчанд зиёд намудааст.

Маълум аст, ки дар ин раванд ба гурӯҳҳои террористию эктремистӣ ва хаёлпарастони мазҳабӣ истифодаи технологияҳои сиёсӣ ва усули корбариро марказҳои зеҳнии баъзан кишварҳои аврупоӣ ва дигар хоҷагони хориҷии онҳо кӯмак мерасонанд ва онҳо ҳамеша дастнигар ва фармонбардори мафкураи дигаронанд.

Бояд тазаккур дод, ки паҳншавии ин вабои аср, мубориза бар он ва дарёфти роҳи ҳали он нишон дод, ки баъзан кишварҳои Аврупо ва Амрико натавонистанд, ки дигар кишварҳои аврупоиро кӯмак кунанд ва мушкилоти онҳоро ҳал намоянд, балки кишварҳои худро низ аз ин буҳрон ба зудӣ бароварда натавониста истодаанд.

Таҳлилҳои илмӣ нишон медиҳад, ки дар ин давраи буҳрони ҷаҳонӣ масоили муттаҳидӣ, ҳамбастагӣ, барқарорсозӣ ва эҳёи дубора назар ба қитъаи Аврупо ва Амрико бештар дар қитъаи Осиё ба назар мерасад. Аксарияти кишварҳои осиёӣ тавонистанд, ки бо қабули қарорҳои дақиқу саривақтӣ ва чораҳои мушаххас  кишварҳои худро ба зуддӣ аз ин вабои аср наҷот дода, ба ҳаёти муқаррарӣ баргарданд.

Аз ин лиҳоз, пажуҳишгарон ибрози андеша менамоянд, ки дар чунин шароит дар низоми тартиботи нави ҷаҳонӣ тағйироти куллӣ ба амал омада, маркази қарори қабулҳои ҷаҳонӣ набояд дигар Аврупо балки қалби қитъаи Осиё бошад.

Бояд гуфт, ки дар ин давраи ҳассос барои кишварҳои ҷаҳон муттаҳид намудани иқдому ҷораҳои дастаҷамъона ҷиҳати бартараф намудани оқибатҳои пандемияи коронавирус хеле муҳим ба ҳисоб меравад. Ҳамбастагии бештар миёни кишварҳо дар самти мубориза бар зидди коронавирус амали саривақтӣ ва амри муддаост. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ чун ҷузъи ҷудонопазири ҷомеаи ҷаҳонӣ дарк менамояд, ки бидуни ҳамбастагии умумӣ ба муваффақият ноил шудан ғайриимкон аст.

Бинобар ин, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали пайдоиши пандемияи коронавирус ва илтиҳоби шуш дар кишвар то ба имрӯз тадбирҳои саривақтию зарурӣ андешида, корҳои назаррасеро ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус ва таъмини амнияти миллӣ ва ҷамъиятӣ ба анҷом расонида истодааст. Илова бар ин, дар ҳамкорӣ бо кишварҳо ва созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ дар самти мубориза бар зидди ин «вабои аср» ҷиҳати ба даст овардан ғолибияти пурра талошҳои зиёде анҷом дода истодаанд.

Мавриди зикр аст, ки ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо кишварҳои дуру наздик ва созмонҳои байналмалиливу минтақавӣ, баррасӣ ва муҳокимаи муборизаи дастаҷамъона ва дарёфти роҳи ҳал бар зидди ин «вабои аср» дар тамосҳои телефонии Президенти Тоҷикистон бо президентҳои кишварҳои хориҷӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Илова бар ин,  кумакҳои башардӯстонаи Тоҷикистон ба Чин ва кумакҳои башардӯстонаи Чин, Ӯзбекистон ва дигар кишварҳо ва созмонҳо ба кишвари мо, ба имзо расонидани созишномҳои грантии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шарикони хориҷӣ ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои фавқулодаи муқовимат ба вируси COVID-19 дар Тоҷикистон, баррасӣ ва муҳокимаи масъалаи мазкур дар тамосҳои телефонӣ миёни вазирони корҳои хориҷӣ ва тандурустии Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ, ба Ватан овардани шаҳрвандони Тоҷикистон аз кишварҳои дуру наздик, аз хориҷи кишвар харидорӣ, инчунин баргузор намудани вебмашваратҳои табибони хориҷӣ бо табибони кишвар, даъвати табибон ва вирусологҳои сатҳи байналмилалӣ барои табобат, кумак ва бартараф намудани оқибатҳои коронавирус аз корҳои амалии сиёсати хориҷии фаъол ва муваффақи Тоҷикистон мебошад, ки бо дастуру супоришҳои бунёдгузри сиёсати хориҷии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун тадбирҳои саривақтӣ ҷиҳати пешгирӣ аз ин беморӣ амалӣ гашта истодаанд.

Ёдовар мешавем, ки ҳайати Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ(СУТ) аз якуми майи соли ҷорӣ инҷониб дар Тоҷикистон қарор дорад. Ҳайат бо шахсони баландпоя, шарикон дар соҳаи тандурустӣ ва коршиносони ҷумҳурӣ мулоқот намуд. Ҳадафи асосии боздиди он мусоидат намудан дар арзёбии хатарҳо ва арзёбии вазъ дар ҷойҳо, инчунин таҳияи механизмҳои вокуниш, аз ҷумла иқтидори таҷрибавӣ ва лабораторӣ мебошад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо СУТ ва дигар шарикон дар мубориза бар зидди COVID-19 ҳамкорӣ дорад, ки ин қарори асоснок, саривақтӣ, бамаврид ва бомасъулияти кишвари мо буд.

Бояд зикр намуд, ки даъвати намояндагони баландпояи СУТ ба Тоҷикистон ҷиҳати ҳамкорӣ, баҳогузории вазъият дар кишвар ва мубориза бар зидди коронавирус рамз ва нишонаи аъзои фаъол будани Тоҷикистон дар созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ мебошад, ки  уҳдадориҳои байналмилалии худро бо масъулияти баланд иҷро менамояд  ва ҷомеаи ҷаҳонӣ сиёсати пешгирифтаи хориҷии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ эътироф намуда, баҳои баланд медиҳад.

Дар охир бояд гуфт, ки то ба имрӯз кишварҳои хориҷӣ, бонкҳо, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон кумакҳои башардӯстонаи зиёде намуданд, ки кишвари мо ин кумакҳоро ҳамчун рамз ва нишонаи дастгирии дӯстони ҳақиқӣ дар шароити баамаломада арзёбӣ менамояд. Чунин амалҳои нек дар равобити дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон бо ин кишварҳо ва созмонҳо ҳамчун иқдоми бузург ва намунаи барҷастаи ҳамкорӣ мутақобилан судманд ба ҳисоб рафта, дар рушду инкишоф ва пешгирии ҳамагуна таҳдиду хатарҳои нави ҷаҳонӣ муқовимати дастаҷамъонаро ба миён меорад. Бояд тазаккур дод, ки ҳамкории байни кишварҳо ва омили ҳамкории инсонӣ барои нигоҳдории арзишҳои умумибашарӣ ва қадру қиммати инсон дар шароити дигаргуниҳои ҷомеа муҳимияти махсусро касб менамояд.

 

Парвиз МУҲАММАДЗОДА,
доктори илмҳои сиёсӣ, муовини  директори
Маркази тадқиқоти стратегии  назди
Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 22, 2020 11:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндаи Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди Маҷмаи Умумии СММ оид ба нақлиёти устувор иштирок намуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон бо Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Тоҷикистон бо Маркази байналмилалии савдо рақамикунонии соҳаҳои иқтисодӣ ва инноватсияро баррасӣ намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳаштуми вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуд
Президенти Тоҷикистон: «Аҳднома оид ба ҳампаймонӣ муносибатҳои Тоҷикистону Узбекистонро ба сатҳи сифатан нав мебарорад»
Донишҷӯёни тоҷике, ки дар Русия таҳсил доранд, даъват шуданд, ки илм омӯзанд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт
Намояндаи Тоҷикистон дар машваратҳои ғайрирасмӣ дар сатҳи сафирон оид ба Саммити Оянда иштирок намуд
Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода дар ҳамоиш бахшида ба раёсати Қазоқистон дар Созмони Ҳамкории Шанхай иштирок намуд
Маърифати ҳуқуқӣ ва экологӣ — омили ободкориву созандагӣ. Эҳдо ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон
Ҷавонон дар сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Тоҷикистон ҷойгоҳи афзалиятнок доранд
Дар Ашқобод ҳамкории Тоҷикистон бо Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда баррасӣ шуд