Дар Тянҷин мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Чин баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 16.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. 16 июл дар шаҳри Тянҷини Чин мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва аъзои Бюрои сиёсии Кумитаи марказии Ҳизби коммунистӣ, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван И баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, вазирон ҷараёни татбиқи тавофуқоти дар доираи сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ба Тоҷикистон дар соли 2024 ва мулоқоти раҳбарони ду давлат дар Остона дар моҳи июни соли 2025 ҳосилшударо, ки барои таҳкими минбаъдаи шарикии стратегӣ самтҳои нав боз карданд, баррасӣ намуданд.
Сироҷиддин Муҳриддин ва Ван И инчунин оид ба вазъ ва дурнамои рушди ҳамкорӣ дар доираи васеи масъалаҳои рӯзномаи муносибатҳои дуҷониба ибрози назар карданд.
Роҳбарони мақоми сиёсати хориҷии Тоҷикистон ва Чин доир ба ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла дар чаҳорчӯби Созмони ҳамкории Шанхай, бахусус омодагиҳо ба Саммити дарпешистодаи ин созмон дар моҳи сентябри соли равон дар шаҳри Тянҷини Чин табодули назар намуданд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид
Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари иҷроияи ширкати олмонии «Knauf» Мурат Акилдиз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири саноати Алҷазоир мулоқот намуд
Фаррух Шарифзода бо Дабири кулли қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин» Сун Вэйдун мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи фарҳанг баррасӣ гардид
Дар Пекин масъалаҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд
Тоҷикистон фарҳанги миллии худро дар чорабинии байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи СММ дар Ашхобод муаррифӣ намуд
Дар Ашхобод дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаи нафту газ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд
ИМРӮЗ — РӮЗИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД. Тоҷикистон дар 34 соли ҳамкорӣ ташаббусҳои муҳимро ба манфиати кишварҳои минтақа ва ҷаҳон амалӣ намудааст






