Таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи Шурои иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
ДУШАНБЕ, 18.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. 18 июл дар шаҳри Москва таҳти раисии муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода ҷаласаи 106-уми Шурои иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид, ки дар он маҷмуи васеи масъалаҳои ҳамкории иқтисодии кишварҳои узви Иттиҳод баррасӣ шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия хабар доданд.
Дар ҷаласа роҳбарони ҳайатҳо — муовини сарвазири Ҷумҳурии Беларус Наталя Петкевич, муовини якуми Раиси Девони Вазирони Ҷумҳурии Қирғизистон Данияр Амангелдиев, муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Алексей Оверчук, муовини Сарвазир – вазири иқтисод ва молияи Ҷумҳурии Узбекистон Ҷамшед Кучкаров иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимни ҷаласа масъалаҳои муҳими тавсеаи ҳамкории иқтисодӣ, лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва инноватсионӣ, таҳияи ташаббусҳои муштарак дар соҳаҳои илму технология, таҳкими занҷираҳои истеҳсолӣ ва логистикии Авруосиё ва дигар масъалаҳои муҳимми рушди равобити кишварҳои Иттиҳод мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҳоким Холиқзода таъкид намуд, ки чорабинии мазкур дар давраи раёсати Тоҷикистон дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардида, дар ин росто Тоҷикистон ба самтҳои рушди илмӣ-техникӣ, инноватсия, иқтисоди рақамӣ ва сабз, инчунин тағийрёбии иқлим ва ҳамкории байниминтақавӣ тваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд.
Вобаста ба тамоми масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа қарорҳои дахлдор қабул ва ба имзо расонида шуд.
Дар мувофиқа бо ҷонибҳо қарор карда шуд, ки ҷаласаи навбатии Шурои иқтисодӣ 5 сентябри соли 2025 дар шаҳри Душанбе баргузор гардад.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия










Сафири Тоҷикистон бо вазири авқофи Кувайт мулоқот намуд
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Президенти Шурои ҳуқуқи инсон мулоқот намуд
Дар Қоҳира 35-солагии Истиқлоли Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири корҳои иҷтимоӣ, хонавода ва кӯдакони Давлати Кувайт мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Ректори Донишгоҳи тиббии Вена вохӯрӣ намуд
Дар Вашингтон 34-солагии барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Амрико таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири адлияи Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Дар Бағдод тамосҳои мустақим байни доираҳои соҳибкории Тоҷикистон ва Ироқ баррасӣ гардид
Дар Сеул бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир шуд
Тоҷикистон ва Молдова машваратҳои консулӣ баргузор намуданд
Cафири Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Ҳамкории иқтисодӣ ва ҷалби сармоягузории Давлати Кувайт ба Тоҷикистон баррасӣ гардид






