Байни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Доминика низоми бераводид эътибор пайдо намуд

Июль 18, 2025 11:35

ДУШАНБЕ, 18.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. 17 июли соли 2025 Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Иттиҳоди Доминика барои ба таври мутақобил озод намудани талаботи раводид барои дорандагони шиносномаҳои дипломатӣ, хизматӣ ва умумишаҳрвандии хориҷӣ эътибор пайдо намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, тибқи муқаррароти ин созишнома, шаҳрвандони Тоҷикистону Иттиҳоди Доминика метавонанд ба ҳудуди ҳамдигар бе раводид ба муддати навад (90) рӯз ворид шуда, будубош намоянд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 18, 2025 11:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Теҳрон масъалаи баргузории чорабиниҳои илмию фарҳангии Тоҷикистону Эрон баррасӣ гардид
Дилрабо Мансурӣ дар Конфронси дуюми ҷаҳонии вазирон оид ба хотима додан ба зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Аҳмадии Кувайт вохӯрӣ намуд
Консули генералии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирск бо донишҷӯёни тоҷик ва намояндагони ҷамъиятҳои тоҷикони муқими минтақаи Сибир мулоқот намуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Озарбойҷон муаррифӣ гардид
Густариши робитаҳои корӣ байни доираҳои соҳибкории Тоҷикистон ва вилояти Кургани Русия баррасӣ гардид
Дар Минск имконоти сармоягузории Тоҷикистон муаррифӣ гардид
Дар Душанбе нашри олмонии китоби «Тоҷикон» муаррифӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо муовини Президенти Эрон вохӯрӣ намуд
Дар Москва бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор гардид
Консули генералии Тоҷикистон дар Екатеринбург бо муовини губернатори вилояти Курган мулоқот намуд
Дар Миср китоби «Тоҷикистон-гаҳвораи таърих ва тамаддун дар Мовароуннаҳр (Осиёи Марказӣ)» муаррифӣ гардид