ОФАТИ ТАБИӢ. Бар асари боронҳои шадид дар ноҳияи Хуросон 338 хонаи истиқоматӣ зарар дидааст
ДУШАНБЕ, 19.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бар асари боронҳои шадиди рӯзҳои охир дар деҳаҳои Неъматулло Асадулло, XVIII Партсъезд ва Хуросони ҷамоати ба номи Садриддин Айнӣ, ҳамчунин рустои Пахтаободи ҷамоати Ҳилолии ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон сел омад, ки дар натиҷа 338 хонаи истиқоматӣ зарар дид. Аз ҷумла 14 хона пурра ва 1 хона қисман хароб шуданд.
Тавре аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, 14 май кормандони Раёсати Кумита дар вилояти Хатлон ва техникаҳои махсус бо мақсади роҳандозии корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ ба ноҳияи осебдида сафарбар карда шуданд. Инчунин барои корҳои барқарорсозӣ 200 литр сӯзишвории дизелӣ, эксковатор ва мошини борбардор равона шуданд.
Бо талоши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар вилояти Хатлон то имрӯз 28 хонаи истиқоматӣ ва қитъаҳои наздиҳавлигӣ аз лойоба тоза гардида, корҳои дигари бартарафсозӣ идома доранд.
Инчунин 35 хайма барои ташкили шаҳраки муваққатии хайманишинон ҷудо шуда, хонаводаҳое, ки ҷойи рафтан надоштанд, дар он ҷойгир карда шуданд.
18 май Комиссияи ҳукуматӣ бо сарварии ҷонишини Сарвазири мамлакат Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода аз ноҳияи офатрасида дидан намуд.
Ҳамчунин дар ҷаласаи фаврӣ бо иштироки роҳбарони сохторҳои давлатӣ ва намояндагони хонаводаҳои зарардида масъалаҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ баррасӣ гардид.








Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид






