Пагоҳ Форуми IV байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мегардад

Март 18, 2025 16:45

ДУШАНБЕ, 18.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 19 март Форуми IV байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар доданд.

Форум бо мақсади тарғиби арзишҳои умумибашарии Иди байналмилалии Наврӯз, рушду тавсеаи соҳаи сайёҳӣ, ташаккул ва муаррифии бренди миллии сайёҳӣ, пешбурди маҳсулоти сайёҳӣ, истифодаи оқилонаи захираҳои табиию реакреатсионӣ ва мероси таърихию фарҳангии мамлакат, аз ҷумла шаҳри Душанбе, инчунин дар сатҳи баланд таҷлил намудани Иди байналмилалии Наврӯз баргузор карда мешавад.

Ёдовар мешавем, ки ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус пойтахти он – шаҳри Душанбе бо иқдоми созандаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Иди байналмилалии Наврӯз дар сатҳи баланд ва бошукуҳ таҷлил гардида, дар доираи он чорабиниҳои мухталифи фарҳангию фароғатӣ, илмию амалӣ ва оммавию варзишӣ, аз қабили корвони шодиёнаи наврӯзӣ, барномаи рангини театрӣ, Форуми байналмилалии «Наврӯзи Душанбе — меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ», Фестивали байналмилалии сайёҳии «Наврӯзи Душанбе», барномаҳои консертӣ дар боғҳои фарҳангу фароғатӣ, мусобиқаҳои ҷумҳуриявию байналмилалии гӯштини миллӣ «Гӯштингирӣ», мусобиқаҳои кушод оид ба пойгаи аспдавонӣ ва бузкашӣ бо шаҳомати хосса баргузор мегарданд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 18, 2025 16:45

Хабарҳои дигари ин бахш

ТУ ШАҲРИ ГУЛБАДОМОНӢ, ДУШАНБЕ ! Ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад
ПОЙТАХТ — СИМОИ МИЛЛАТУ ДАВЛАТ! Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи пойтахт
Шаҳриёри шаҳри умеду орзуҳо ва идомадиҳандаи роҳи ниёгони некном
ДУШАНБЕИ ДИГАР. Бинои нави Парлумони Тоҷикистон дар пойтахти кишвар шаҳомоти хоса дорад
ДУШАНБЕ –МУАРРИФИ ТАЪРИХУ ФАРҲАНГ. Сокини пойтахт будан дар баробари ифтихор аз ҳар шахс масъулияти зиёд талаб мекунад
Бахшида ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон барномаҳои фарҳангӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ доир мегарданд
Нақши пойтахт дар таҳкими давлатдории навини миллӣ муҳим арзёбӣ мегардад
Душанбе оинаи миллат ва пайвандгари таърих бо ояндаи давлат аст
Бахшида ба Рӯзи пойтахт Намоиши аксҳои Душанбе ва сайри рӯзноманигорон баргузор гардид
Озмуни «Беҳтарин корхонаи саноатии шаҳри Душанбе» баргузор мешавад
Дар Душанбе Фестивал-озмуни «Беҳтарин армуғон» баргузор мегардад
Бахшида ба Рӯзи пойтахт барномаи фарҳангӣ ва маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони озмунҳои шаҳрӣ доир мегардад