Гузориши муфассал аз ҷараёни сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эм

Май 14, 2008 11:48

 Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев истиқбол гирифт. Масоили ҷорӣ ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Қазоқистон дар вохӯрии хоссаи сарони ду давлат — Эмомалӣ Раҳмон ва Нурсултон Назарбоев ва гуфтушуниди васеъ бо иштироки ҳайатҳои расмии ду кишвар баррасӣ шуд. Нурсултон Назарбоев ба мӯҳтавои робитаҳои ду кишвар баҳои баланд дода, Тоҷикистонро шарики боэътимоди сиёсии кишвари худ арзёбӣ кард. Ҷонибҳо аз пайвастагии робитаҳои сиёсии сатҳи олӣ, ки ба густариши ҳамкории гуногунҷанба асоси воқеӣ мегузоранд, изҳори қаноатмандӣ карданд. Омодагии ду ҷониб баҳри таъсис додани Шӯрои байнидавлатии ҳамоҳангсозӣ, Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ ва Фонди муштараки сармоягузорӣ, ба иқтисодиёти Тоҷикистон ба таври ҷидди рӯ овардани бонкҳо ва сармоягузорони Қазоқистон ва ба маротиб афзоиш ёфтани ҳаҷми мубодилоти молу маҳсулот натиҷаи ҳамин робитаҳо ва нишонаи ҳавасмандӣ ба густариши ҳамкорӣ арзёбӣ гардид. Зикр гашт, ки дар зарфи панҷ соли охир ҳаҷми мубодилоти мол се баробар афзоиш ёфтааст Дурнамои ҳамкорӣ дар соҳаҳои гидроэнергетика, истифодаи захираҳои обӣ, нақлиёту коммуникатсия, саноати металлургию кӯҳӣ ва фарҳангу маориф низ умедбахш маънидод гашт. Зикр гардид, ки ҷониби Қазоқистон дар тоза кардани обанбори Қайроқум иштирок намуда, саҳми худро дар таҷдиди кори ин иншооти дорои аҳамияти минтақавӣ мегузорад. Бо дастгирии молиявии Қазоқистон ҳамчунин дар болои дарёи Хингоб як нерӯгоҳи обии барқӣ бунёд хоҳад ёфт. Ҳамкории байни Ширкати алюминийи тоҷик ва як қатор корхонаҳои саноатии Қазоқистон густариш хоҳад ёфт. Ҳарду ҷониб устувории мавқеи худро баҳри рушди ҳамкориҳо дар доираи созмонҳои ИДМ, Иттиҳоди иқтисодии Евразия, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Созмони ҳамкории Шанхай ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ таъкид намуданд. Рушди ҳамкориҳои минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ роҳи муҳимми пешрафту тараққиёти кулли кишварҳои ин минтақа маънидод гашт. Сарони ду давлат ҳамчунин дар бораи омодагӣ ба ҷаласаи навбатии Сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, ки моҳи августи соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, гуфтугӯйи судманд анчом доданд. Аз рӯйи натиҷаҳои гуфтушуниди расмӣ ва мувофиқаҳои бадастомада дар охир имзои санадҳо 8 санади муҳимми ҳамкорӣ ба имзо расид: — Баёнияи муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон; — Ёддошти тафоҳум дар бораи таъсиси Шӯрои байнидавлатии ҳамоҳангсозӣ ва Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Қазоқистон; — Барномаи ҳамкории иқтисодӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон; — Созишномаи ҳамкорӣ байни Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати ҳифзи муҳити зисти Ҷумҳурии Қазоқистон; — Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рушди хизмати давлатӣ байни Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Ҷумҳурии Қазоқистон оид ба корҳои хизмати давлатӣ; — Ёддошти тафоҳум байни Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати энергетика ва захираҳои моддии Ҷумҳурии Қазоқистон; — Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи туризм ва варзиш байни Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати туризм ва варзиши Ҷумҳурии Қазоқистон; — Созишнома дар бораи таъсиси Фонди инвеститсионии Қазоқистону Тоҷикистон; Зимни нишасти матбуотӣ сарони ду давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Нурсултон Назарбоев аз натиҷаҳои гуфтушунидҳои расмӣ ва ба имзо расидани санадҳои муҳимми ҳамкорӣ изҳори қаноатмандӣ карда, ба суолҳои хабарнигорон посух доданд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба зарурати таъсис додани як созмони муттаҳидсозандаи имконоти иқтисодии кишварҳои Осиёи Марказӣ бо қаноатмандӣ изҳор дошт, ки Тоҷикистону Қазоқистон ҷонибдорони устувори рушди ҳамкории гуногунҷанбаи минтақавӣ мебошанд ва омодагии худро бо тадбирҳои мушаххаси амалӣ пайваста собит месозанд. Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев Эмомалӣ Раҳмонро дӯсти худ ва дӯсти қазоқистониён номида, аз пайвастагӣ ва рушди бонизоми муносибатҳои ду кишвар изҳори қаноатманди кард. Ба гуфти Нурсултон Назарбоев сохторҳои дахлдори ду кишвар вазифадор гардиданд, ки лоиҳаҳои бунёди роҳҳои оҳан ва мошингарди Қазоқистон-Қирғизистон-Тоҷикистон ва хатти 500 киловолтаи интиқоли нерӯи барқи Тоҷикистон-Қирғизистон-Қазоқистонро мавриди омӯзиши ҷиддӣ ва татбиқи амалӣ қарор диҳанд ва афзуд, ки ин лоиҳаҳо баромади кишварҳои номбурдаро ба Афғонистон, Покистон, Эрон ва баҳрҳои ҷануб таъмин намуда, ба болоравии нақши транзитии онҳо мусоидат мекунанд. Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар посух ба суоли хабарнигор оид ба вазъи Афғонистон ва роҳҳои ба эътидол овардани он, аз ҷумла изҳор дошт, ки татбиқи лоиҳаҳои стратегии кишвари мо дар соҳаҳои энергетика ва нақлиёту коммуникатсия метавонад дар барқарорсозии иқтисодиёти ин кишвари азиятдида ва ба меҳнати осоишта равона кардани мардуми он мусоидат намояд. Нурсултон Назарбоев дар ҷавоб ба суоли хабарнигор оид ба бартарафсозии мушкилоти озуқаворию энергетикӣ ва иштирок дар татбиқи лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ изҳор дошт, ки Қазоқистон дар таъмини Тоҷикистон бо ғалладонаю маводи сӯхт нақши арзандаи худро мегузорад ва дар татбиқи кулли лоиҳаҳои бузурги он, аз ҷумла нерӯгоҳи обии Роғун дар ҳама шаклҳои имконпазир иштирок хоҳад намуд. Ӯ ҳамчунин таъкид дошт, ки имсол Қазоқистон дар муассисаҳои олии таълимии худ 100 ҷойи иловагӣ барои донишҷӯёни тоҷик ҷудо мекунад. Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба нақшаҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон бо қатъият изҳор дошт, ки кишвари мо ҳаргиз ба бунёди иншооти ба ҳамсоягонамон зараровар даст нахоҳад зад ва изҳори боварӣ намуд, ки бо назардошти таҷрибаи ҷаҳонии ҳалли чунин масоил мо низ ба кушоиши ин масъалаи баҳсталаб муваффақ хоҳем шуд.

Май 14, 2008 11:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Иштирокчиёни экспедитсияи «Саёҳат ба қалби Авруосиё-2025» пойгоҳи кайҳонавардии Байконурро тамошо карданд
Ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 41 дараҷа гарм мешавад
Дар ҳошияи Соли фарҳанги китобхонӣ маҷмӯаи «Нома ба насли оянда» аз чоп баромад
Таҳти унвони «Забон, Ваҳдат ва суботи миллӣ» конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Саридораи геология ҳамоиш баргузор гардид
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ конфронси илмӣ-назариявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ китоби «Ваҳдатсаро» ба нашр расид
Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ҳаёти 16 нафарро ҳангоми ғарқшавӣ аз марг наҷот доданд
Дар Душанбе сеюмин Форуми Тоҷикистон ва Чин оид ба таҳсилоти муҳандисӣ-техникӣ доир шуд
Сулҳи тоҷикон барои давлатҳои ҷаҳон ҳамчун таҷриба пазируфта шудааст
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон Рӯзи Ваҳдати миллиро ҷашн гирифтанд