НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ҳама намуди андозу даромадҳо дар шаҳри Роғун 125,7 фоиз иҷро шуд

Февраль 7, 2026 15:30

РОҒУН, 07.02.2026. /АМИТ «Ховар»/. Дар давраи ҳисоботии соли 2025 дар шаҳри Роғун ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бо назардошти истеҳсоли неруи барқи Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба 356,0 миллион сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 24,2 миллион сомонӣ зиёд буда, 207,3 фоиз таъмин гардидааст. Ҳамчунин ба ҷойи 169,7 миллион сомонӣ нақшаи тасдиқшудаи ҳама намуди андозу даромадҳо дар соли 2025 213,2 миллион сомонӣ ҷамъоварӣ карда шуд, ки 125,7 фоизи иҷрои нақшаро ташкил медиҳад. Дар ин хусус Раиси шаҳри Роғун Сунъатулло Саидзода 6 феврал зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

Дар нишасти матбуотӣ гуфта шуд, ки бо қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Роғун нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун оид ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аз 110 банд таҳия ва тасдиқ гардид. Аз ин шумора то ҷашни бузурги 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 38 иншоот дар маркази шаҳри Роғун ва кӯчаи 25-солагии Истиқлолият, 14 иншоот дар шаҳраки Оби Гарм, 43 иншоот дар Ҷамоати деҳоти Қади Об ва 10 иншоот дар Ҷамоати деҳоти Сичароғ бунёд мегардад. То имрӯз 84 иншооти гуногун ба маблағи 402 миллиону 594 ҳазору 582 сомонӣ сохта, ба истифода дода шуд ва сохтмони иншооти дигар идома дорад.

Иброз гардид, ки давоми соли 2025 дар шаҳри Роғун 68 лоиҳа иҷро гардида, тавассути он 139,9 миллион сомонӣ азхуд карда шуд. Ёдовар мешавем, ки «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Роғун барои солҳои 2021-2025» 88 лоиҳаро дар бар гирифта, маблағи амалишавии он 204,8 миллион сомонӣ мебошад.

Субҳониддини МАҲМУД,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 7, 2026 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд