ИШТИРОКИ САРВАРИ ДАВЛАТ ДАР КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛЛАЛӢ ОИД БА КОҲИШИ ОФАТҲОИ ТАБИИИ В
Дар конфронси мазкур мутахассисону масъулон ва олимони ин соҳа аз зиёда аз 40 кишвари ҷаҳон ва бонуфузтарин созмонҳои байналмиллалию минтақавӣ иштирок доранд. Ин сеюмин конфронси байналмилалӣ оид ба масоили коҳиш додани офатҳои табиии вобаста ба об буда, дар он мушкилоти глобалии ин соҳа маври-ди таҳлилу баррасии муфассал қарор мегирад. Иштироки бевосита ва суханронии пурмӯҳтавои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нишона аз саҳмгузории доимӣ ва масъалагузориҳои саривақтии ӯ дар роҳи ҳаллу фасли мушкилоти сайёра ва таш-кили фазои мусоиди ҳамкорӣ мебошад. Дар суханронии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла зикр гардид, ки фалокатҳои табиии вобаста ба об ҳар сол ба иҳтисодиёти мамлакати мо зарари ка-лон мерасонанд. Ба гуфти ӯ таъмини бехатарии об ба ҳалли проблемаҳои муҳими экологӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ таъсири мусбат мерасонанд, зеро ноил гардидан ба рушди устувор бе муҳарар намудани муносибатҳои мушаххас ва ҳалли самарабах-ши проблемаҳои муҳофизат аз фалокатҳои геодинамикии вобаста ба об амалан имконнопазир мебошанд. Президенти ҷумҳурӣ зикр намуд, ки мувофиқи маълумоти Маркази байналхалқии таҳқиқоти фалокатҳои табиӣ, дар давоми 25 соли охир дар саросари ҷаҳон бештар аз 9000 фалокати табиӣ ба амал омадааст, ки боиси ҳалокати ҳариб 2 миллион нафар гардида, ба маблағи бештар аз 1 триллион доллари ИМА зарар расондааст. «Ман дар иҷлосияи 60 -уми Ассамблеяи Генералии СММ бо мақсади муайян кардани самаранокии тадбирҳои дар давоми даҳсола андешидашаванда, пешниҳод карда будам, ки дар Тоҷикистон ҳамчун мамлакати ташаббускори эълони даҳсолаи «Об барои ҳаёт» дар соли 2010 конфронси байналхалқӣ гузаронда шавад, то ки ҷомеаи ҷаҳонӣ аз натиҷаҳои тадбирҳои панҷсолаи он огоҳ гардад. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон изҳори умед намуд, ки иштирокчиёни конфронс ин ва дигар пешниҳодҳои муфиди Тоҷикистонро мавриди дастгирию баррасӣ қарор медиҳанд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Сарвари давлат иттилоъ доданд.








Дар шаҳри Хуҷанд намоиш-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал баргузор шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дастовардҳои варзишгарони ноҳияи Ёвон дар соли 2025 муаррифӣ карда шуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон соли 2025 бо ҷалби 30 ҳазор аҳолӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ҳамоиш гузаронид
Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор шуд
Бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба давлати тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?






