ДАР ДУШАНБЕ МАСЪАЛАҲОИ МАБЛАҒГУЗОРӢ БА СОҲАИ МАОРИФ МУҲОКИМА ШУД

Июль 4, 2008 17:54

Вазири маорифи ҷумҳурӣ Абдуҷаббор Раҳмонов роҷеъ ба нақши созмонҳои байналмилалӣ ва ҷамъиятӣ дар иҷрои барномаҳои марбут ба пешрафти соҳаи маориф сухан кард.Мавсуф зикр кард, ки алҳол бобати амалӣ сохтани барномаҳои марбут ба ислоҳоти ҳамаи соҳаҳои маориф пешравии муайян ба назар мерасад. Иштирокчиёни машварат -намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва ғайриҳукуматӣ зарурати амалӣ сохтани тадбирҳои муштаракро ҷиҳати муайян кардани роҳу усулҳои ҳалли проблемаҳои мавҷуда, таҳияи нақшаи стратегии тадбирҳо барои рушди соҳа, муттаҳид сохтани фаъолият бо назардошти афзалиятҳои муайянро таъкид карданд. Дар фарҷоми машварат иштирокчиёни он қарор қабул карданд. Дар он тақвияти ҳамкории Вазорати маорифи ҷумҳурӣ ва созмонҳои байналмилалию ҷамъиятӣ дар соҳаи маориф, мусоидат ба ҳамоҳанг сохтани фаъолияти созмонҳои байналмилалӣ ва ҷамъиятӣ барои рушди соҳаи маориф, аниқ муайян кардани ҳадафҳои афзалиятнок ва муттасил иҷро кардани барномаҳо дар соҳаи маориф, пурзӯр кардани нақши созмонҳои байналмиладӣ бобати иҷрои барномаҳои давлатӣ, инчунин дастгирии техникӣ ва истифода аз машваратҳои кории созмонҳои байналмилалӣ дар доираи барномаи «Маркази ягонаи миллии санҷишӣ» ба мақсад мувофиқ дониста мешаванд.

Июль 4, 2008 17:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
«Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон» ва Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамкории дарозмуддатро тасдиқ намуданд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба зимистонгузаронӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 10 дараҷа гарм мешавад
Ҳифзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ муҳимтарин вазифа аст
Дар шаҳри Ҳисор оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо ҷаласаи васеи назоратӣ баргузор шуд
Дар Душанбе 24 нуқтаи савдо дар маконҳои номуайян бартараф карда шуд
Соли 2026 дар Тоҷикистон ду неругоҳи офтобӣ ба истифода дода мешавад
Тарофаҳою хизматрасониҳои мобилӣ чӣ гуна тавлид мешаванд?
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Пагоҳ дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел дар назар аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд