ВАРЗИШГАРИ ТОҶИК НИЗОМ САНГОВ ДАР БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ ИШТИРОК МЕКУНАД
Душанбе, 11 июл. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров).- Варзишгари тоҷик Низом Сангов барои иштирок дар Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар Пекин роҳхат гирифт. Дар ин бора комиссияе қарор қабул кард, ки ба он намояндагони Кумитаи миллии олимпӣ, Федератсияи вазнбардорӣ ва Кумитаи байналмилаии олимпӣ шомил буданд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки Низом Сангов солҳои охир дар мусобиқаҳои байналхалқӣ бо вазни 63 килограм иштирок намуда, натиҷаҳои хуб ба даст овардааст. Ҳамин тариқ аз Тоҷикистон дар Бозиҳои тобистонаи Олимпии Пекин 14 нафар варзишгар иштирок хоҳад кард.








НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ҳама намуди андозу даромадҳо дар шаҳри Роғун 125,7 фоиз иҷро шуд
Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст






