ҚОНУНӢ ГАРДОНДАНИ ДАРОМАДИ ХАРИДУ ФУРӮШИ МАВОДИ НАШЪАДОР

Август 26, 2008 15:44

                 Душанбе, 25 август. (АМИТ «Ховар»,  Таҳмина  Ғоибназарова). – Дирӯз  дар   маркази  матбуоти  Иттифоқи  журналистони  Тоҷикистон  маросими  шиносоӣ бо маҷмӯи  ҳуҷҷатҳои  «Афғонистон ва  Созмони  ҳамкории  Шанхай  гарави таъмини  амният  ва   сиёсати  геополитикӣ  дар Осиёи  Марказӣ»  конфронс  баргузор  гардид. Онро  Бунёди  ҷамъиятии профессори  кафедраи  сиёсатшиносоӣ ва  журналистикаи  байналхалқии  Донишгоҳи  славянии  Қирғизистону  Русия  Александр  Князев  баргузор намуд. Дар  ҷараёни  конфронс  масъалаҳои  марбут  ба  нақш  ва  саҳми  Созмони  ҳамкории  Шанхай  дар  ҳалли  проблемаҳои  имрӯзаи  Афғонистон   муҳокима  шуданд.             Иштирокчиёни  конфронс  А. Князев,  доктори  илми  иқтисод А.Мигранян ва  номзади илми  таърих  К.Абдуллоев   дар  бораи  конфронси  байналхалқии  дар  ҳамин  мавзӯъ  дар  Қирғизистон баргузор гардида  сухан  ронданд. А.Князев  зикр  кард, ки  бӯҳрони  Афғонистон  мисли  пештара  яке аз   проблемаҳои  ҷиддитарини   сиёсати  имрӯзаи  байналхалқӣ  ба  шумор  меравад. Дар  Афғонистон  баъди оғози  амалиёти  зиддитеррористии   ИМА   амалиёти террористӣ  авҷ  гирифта,  истеҳсоли  маводи  нашъадор   чандин  баробар  афзуд.          Ин   на танҳо  ба  амнияти  худи  Афғонистон,  балки  ба  амнияти   мамлакатҳои  ҳамсоя  хавфи  ҷиддӣ  дорад. Проблемаҳои  Афғонистонро  бо  роҳи  истифодаи  зӯрӣ ва  ҷанг  ҳал  кардан  мумкин  нест. Барои ин  роҳи  гуфтушунидро  пеш  гирифтан  зарур  аст, ки  дар  он   бояд  тамоми  сохторҳои  давлатӣ,  ҳизбҳои  сиёсӣ  ва  қавму  қабилаҳои  мамлакат  иштирок  намоянд. Созмони  ҳамкории  Шанхай  кафолати   ба  роҳ  мондани  гуфтушунид  ва  муколамаро   дар  дохили  Афғонистон  ба  зимма  гирифта  метавонад,  гуфт А.Князев.            Дар  конфронс  проблемаҳои  вобаста ба  иқтисодиёти  Афғонистон  низ  муҳокима  шуданд. Қайд  карда шуд, ки бо роҳи  қонунӣ  гардонидани  даромади  хариду  фурӯши   маводи  нашъадор бисёр  проблемаҳои  иқтисодии  Афғонистонро  ҳал  кардан  мумкин аст.

Август 26, 2008 15:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Аз 22 то 24 декабр дар бештари ноҳияҳои Тоҷикистон фаромадани туман ва резиши қирав боқӣ мемонад
Паём — роҳнамои татбиқи идеяҳои низоми давлатдории миллӣ
Ба 10 зани ҳунарманд ва соҳибкори шаҳри Бӯстон гранти раиси шаҳр тақдим карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе бориши борон ва барф дар назар аст
Оид ба рушди ҳунармандӣ ва истифода аз грантҳои президентӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ машғулияти омӯзишӣ доир гардид
Доир ба нақши Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар омӯзиши забонҳои чинӣ ва кореягӣ конфронс доир шуд
Дар вилояти Суғд ғолибони озмунҳо қадрдонӣ гардиданд
Дар шаҳри Ҳисор маъракаи азнавбақайдгирии нафақагирон идома дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон зимистони астрономӣ фаро мерасад
Паёми Президенти Тоҷикистон дар ташаккули қонунгузории миллӣ нақши марказӣ дорад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст