ҲАФТАНОМАИ «ВЕЧЕРНЫЙ ДУШАНБЕ» ДАР ВАҚТАШ «СТАЛИНОБОД» НОМ ДОШТ
Имрӯз бисёр хонандагони ҳафтанома намедонанд, ки пеш аз чопи рӯзномаи «Вечерный Душанбе» низ дар пойтахти ҷумҳурӣ рӯзномаи алоҳидаи шаҳрӣ чоп мешуд. Корманди Агентии миллии иттилоотии «Ховар», иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Олег Дмитриевич Соболев ёдовар мешавад, ки Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон моҳи марти соли 1958 дар бораи таъсиси рӯзномаи шаҳрӣ қарор қабул кард ва охири ҳамон моҳ шумораи аввали рӯзномаи мазкур таҳти унвони «Сталинобод» аз чоп баромад. Рӯзноманигори маъруф Ғоиб Қаландаров сармуҳаррири он таъин гардид. О.Д.Соболев дар рӯзномаи нав ба шӯъбаи саноат ва сохтмон роҳбарӣ мекард. Ася Гордон мудири шӯъбаи фарҳанг, Вадим Сергеев котиби масъул ва ҳуқуқшинос Василий Криворучко мудири шӯъбаи мактубҳо таъин гардиданд. Дар рӯзнома ҳамчунин журналистон Даниелов, Малсагова ва Стотская кор мекарданд. Рӯзнома тӯли моҳҳои аввал бо ҳаҷми хурд ҳамагӣ, дар чор саҳифа чоп мешуд. Баъд ба туфайли кӯшиш ва ҷаҳду талоши Ғ.Қаландаров рӯзнома дар ҳаҷми рӯзномаи калонҳаҷми «Правда» чоп карда шуд. Се саҳифаи рӯзнома ба забони русӣ ва саҳифаи чоруми он ба забони тоҷикӣ нашр мешуд. Рӯзнома на танҳо дар пойтахт, балки дар саросари ҷумҳурӣ обрӯю эътибори калон пайдо карда буд. Адади нашри он ба 65 ҳазор нусха расид. Вале нашри рӯзнома баъди як сол вобаста ба моҷарои изофанависӣ ва сохтакорию қаллобӣ дар соҳаи пахтакорӣ қатъ гардид. Шумораи охирини рӯзномаи шаҳрии «Сталинобод» моҳи марти соли 1959 чоп карда шуд. Кормандони он ба ҳар тараф пароканда шуданд. Олег Дмитриевич Соболев баъди баста шудани рӯзномаи шаҳрии «Сталинобод» ба Агентии миллии иттиллотии Тоҷикистон «Ховар» ба кор омад ва 49 сол боз дар ҳамин ҷо кор мекунад. Соли 1968 масъалаи дубора барқарор сохтани рӯзномаи шаҳрӣ ба миён гузошта шуд. Ҳамин тариқ ҳамон вақт рӯзномаи «Вечерный Душанбе» таъсис дода шуд. Ҳаёт нишон дод, ки чунин рӯзнома барои пойтахти ҷумҳурӣ ва сокинони он зарур мебошад. Рӯзномаи «Вечерный Душанбе айни ҳол ба ҳафтанома табдил ёфтааст. АМИТ «Ховар» Тарҷумон – Қудратов А.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дастовардҳои варзишгарони ноҳияи Ёвон дар соли 2025 муаррифӣ карда шуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон соли 2025 бо ҷалби 30 ҳазор аҳолӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ҳамоиш гузаронид
Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор шуд
Бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба давлати тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?
Соли 2025 кишоварзони шаҳри Турсунзода дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда гузоштанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






