АЗ ҶАШН ТО ҶАШН
Дар шароити кунунӣ таҳкими истиқлолият, устувор гардонидани пояҳои давлат ва беҳтар кардани шароити зиндагии инсон барои мо мазмуни ҳаётан муҳим пайдо мекунад. Зеро, даҳсолаҳои охир пешрафти босуръати илму техника ва ҷаҳонишавӣ инсониятро ба муҳити комилан нав ворид намуда, боиси ташаккул ёфтани низоми фарогири равобити сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва иттилоотиву маънавӣ гардидааст. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии хеш дар таҷлили 16-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ дар маркази вилояти Хатлон — шаҳри Қӯрғонтеппа изҳор дошта буд: «Мақсади асосии низоми демократӣ дар ҷомеаи мо пеш аз ҳама таъмини ҳуқуқ ва озодии шаҳрвандон, фароҳам овардани шароит барои меҳнат ва зиндагии осуда, волоияти қонун, пойдории адолат ва иштироки фаъоли мардум дар идоракунии давлат мебошад, ки ба анъанаву суннатҳои давлатдории миллӣ, арзишҳои ахлоқиву фарҳангии миллат ва дастовардҳои тамаддуни башарӣ такя мекунанд». Иҷрои тадбирҳои зикршуда дар навбати аввал ба дараҷаи пешрафти иқтисодии кишвар вобаста аст. Зикр кардан бамаврид аст, ки Ҳукумати Тоҷикистон бо мақсади рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат азнавсозӣ ва бунёди як силсила иншооти хурду бузурги гидроэнергетикӣ, роҳу пулҳо, муассисаҳои таълимиву тандурустӣ, фарҳангӣ ва ҳифзи иҷтимоиро пеш гирифтааст. Дар доираи ин ҳадаф дар қаламрави ҷумҳурӣ нерӯгоҳҳои барқи обии хурду калон, шоҳроҳи Кӯлоб-Қалъаи Хумб, Душанбе – Чаноқ, туннелҳои «Истиқлол», «Шаҳристон», «Шаршар» ва як қатор иншооти дигари дорои аҳамияти иҷтимоиву иқтисодӣ бунёд карда мешавад. Имрӯз Роҳи Бузурги Абрешим тавассути роҳҳои байналмилалии мошингард чаҳор самти Тоҷикистонро бо минтақаҳои дигари Осиёи Марказӣ, Россия, Чин, Покистон, Ҳиндустон, Афғонистон ва Эрон мепайвандад. Барои идома додан ва суръат бахшидани сохтмони нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» аз ҳисоби буҷети давлатӣ ҳар сол маблағ ҷудо гардида, чанде пештар барои ҳарчи зудтар ба охир расонидани ин иншооти тақдирсоз бо Қарори Ҳукумати Тоҷикистон Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи «Нерӯгоҳи барқи обии Роғун» таъсис дода шуд. Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии хеш ҳангоми ба истифода додани агрегати дуюми НБО «Сангтӯда-1» изҳор дошта буд, ки баъди ба истифода додани нерӯгоҳҳои «Роғун», «Сангтӯда-1» ва «Сангтӯда-2» истеҳсоли энергияи барқ ба 33,3 миллиард киловатт-соат расонида мешавад, ки 23-25 миллиард киловатт-соати он барои эҳтиёҷоти дохилӣ сарф гардида, қисмати боқимондааш ба хориҷа содир карда хоҳад шуд. Илова бар ин, тибқи барномаи бунёди силсилаи нерӯгоҳҳои хурди барқи обӣ дар давраи солҳои 2007-2020 бунёди 71 нерӯгоҳ дар назар дошта шудааст. Маврид ба зикр аст, ки дар роҳи таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоии кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ, амнияти озуқаворӣ, ки ҳадафҳои стратегии давлату ҳукумат мебошанд, бо сохтмони нерӯгоҳҳои хурду калони барқи обӣ, хатҳои интиқоли қувваи барқ, туннелҳо, шоҳроҳҳову пулҳои байналмилалии мошингард ва даҳҳо иншооти азими инфраструктураи иҷтимоӣ натиҷаҳои нек ба даст овардааст. Дар самти раҳоии кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ як силсила тадбирҳои мушаххас амалӣ шуд. Аз ҷумла, сохтмони қитъаҳои алоҳидаи роҳҳои мошингарди Душанбе-Хоруғ-Мурғоб, Душанбе-Рашт-Саритош, шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чанак, нақбҳои автомобилгарди «Истиқлол», «Шаҳристон» ва «Шаршар» босуръат идома доранд. Ҷиҳати баланд бардоштани самаранокии иқтисодиёт, иқтидори содиротии кишвар ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ, тибқи барномаҳои махсуси давлатӣ оид ба коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, нахи пахта ва дигар соҳаҳои истеҳсолӣ бунёди як қатор корхонаҳои саноатӣ пешбинӣ ва оғоз шудааст, ки аз бузургиарин дастовардҳои даврони истиқлол ва рушди иқтисоди миллӣ ба шумор мераванд. Барои рушди тамоми соҳаҳои иқтисодиёти мамлакат як қатор лоиҳа ва барномаҳои инвеститсионӣ таҳия гардидаанд, ки маблағи умумии онҳо зиёда аз 4 миллиарду 600 миллион сомониро ташкил медиҳад. Татбиқи Барномаи стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2015 ва Барномаи стратегии паст кардани сатҳи камбизоатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2007-2009 имкон медиҳад, ки густариши ислоҳоти иқтисодӣ, рушди устувори иқтисоди миллӣ ва сатҳи баланди зиндагии мардумро тадриҷан таъмин намуда, дар соҳаҳои илму маориф, фарҳанг ва дигар бахшҳои иҷтимоӣ силсилаи ҳадафҳои стратегӣ ва афзалиятнок ба даст оварда шавад.