ДАСТАИ МУНТАХАБИ ОЛИМПИИ ТОҶИКИСТОН БА ВАТАН БАРГАШТ
Душанбе, 26 август. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – Субҳи имрӯз аъзои дастаи мунтахаби миллии олимпии Тоҷикистон аз Пекин ба ватан баргаштанд. Онҳоро дар майдони ҳавоӣ намояндагони Кумитаи миллии олимпӣ, Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати мамлакат, аҳли хонавода ва хешу таборонашон пешвоз гирифтанд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки ба ғолибони олимпиада мукофоти пулӣ дода хоҳад шуд. Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҷумҳурӣ Маликшо Неъматов зикр кард, ки масъалаи додани мукофот ба барандагони медалҳои олимпӣ айни ҳол дар сатҳи ҳукумат баррасӣ карда мешавад. Тавре хабар дода шуда буд, дар Бозиҳои олимпии тобистонаи Пекин аз Тоҷикистон 15 варзишгар иштирок дошт.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ҳама намуди андозу даромадҳо дар шаҳри Роғун 125,7 фоиз иҷро шуд
Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ






