ДАСТАИ МУНТАХАБИ ОЛИМПИИ ТОҶИКИСТОН БА ВАТАН БАРГАШТ

Август 26, 2008 15:40

       Душанбе,    26 август. (АМИТ «Ховар»,  Пайрав  Назаров). – Субҳи  имрӯз  аъзои   дастаи  мунтахаби  миллии  олимпии  Тоҷикистон  аз  Пекин   ба  ватан  баргаштанд. Онҳоро  дар  майдони  ҳавоӣ  намояндагони  Кумитаи  миллии  олимпӣ,  Кумитаи  кор  бо  ҷавонон,  варзиш  ва  сайёҳии  назди  Ҳукумати  мамлакат,  аҳли  хонавода  ва  хешу  таборонашон  пешвоз  гирифтанд.         Мухбири  АМИТ «Ховар»  хабар  медиҳад, ки  ба  ғолибони  олимпиада  мукофоти  пулӣ  дода   хоҳад  шуд. Раиси  Кумитаи  кор  бо ҷавонон,  варзиш  ва  сайёҳии назди  ҳукумати   ҷумҳурӣ  Маликшо  Неъматов  зикр кард, ки  масъалаи  додани  мукофот  ба  барандагони  медалҳои  олимпӣ  айни  ҳол  дар  сатҳи  ҳукумат  баррасӣ  карда  мешавад.           Тавре  хабар  дода шуда буд,  дар   Бозиҳои олимпии тобистонаи  Пекин  аз  Тоҷикистон  15  варзишгар  иштирок  дошт.

Август 26, 2008 15:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид