ЭМОМАЛӢ РАҲМОН : «МАН БЕСАБРОНА ИНТИЗОРИ РАИСИ ДАВЛАТИ ЧИН БА ТОҶИКИСТОН МЕБОШАМ»

Август 22, 2008 09:54

Ба қавли Сардори давлати Тоҷикистон, мулоқоти ӯ бо раиси давлати Чин танҳо бо таъкиди принсипҳои умумии муносибатҳои хар ду мамлакат маҳдуд нахоҳад гашт. «Мо ин дафъа мавқеъҳои ҳамдигарро роҷеъ ба проблемаҳои муҳимтарини дуҷонибаю минтақавӣ ва байналхалқӣ муайян хоҳем кард», — гуфт Э.Раҳмон. Ба қавли Президенти Тоҷикистон, баъди ташрифи раиси давлати Чин ба Тоҷикистон ба равнақу ривоҷи бештари муносибатҳои дуҷонибаи тиҷоратию иқтисодӣ умед бастан мумкин аст. Эмомалӣ Раҳмон зикр намуд, ки айни ҳол на танҳо ҳаҷми хариду фурӯши молро зиёд кардан лозим аст, балки роҳу усулҳои воқеии ба ҳамдигар наздик сохтани нақшаҳои пешрафти иқтисодиёти ҳар ду кишварро муқаррар намудан зарур мебошад. «Мо акнун бояд дар доираи комиссияи байниҳукуматии ҳамкорӣ сохторҳое таъсис диҳем, ки ба рушди самтҳои муайяни муносибатҳои дуҷонибаи ҳамкорӣ мусоидат карда тавонанд», — гуфт Эмомалӣ Раҳмон. Вақтҳои охир саҳми Ноҳияи Мухтори Шинҷону Уйғур дар муносибатҳои тиҷоратии Тоҷикистону Чин хеле афзудааст. Бинобар ин, мувофиқи мақсад мебошад, ки масъалаи ташкили комиссияи иловагии ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва ин ноҳияи Чин баррасӣ карда шавад. Эмомалӣ Раҳмон ба мақомоти Чин барои зиёд кардани теъдоди донишҷӯёни Тоҷикистон дар мактабҳои олии ин мамлакат изҳори сипос намуда, аҳамияти калони ривоҷ додани ҳамкории фарҳангию гуманитарии ҳар ду кишварро таъкид кард. «Умед аст, ки мулоқоти навбатии сарони давлатҳои Тоҷикистону Чин ба муносибатҳои бисёрҷонибаи онҳо нерӯи тоза хоҳад бахшид», — гуфт дар хотима Эмомалӣ Раҳмон.

Август 22, 2008 09:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд