ФАЙЗУ БАРАКАТИ НОҲИЯИ РӮДАКӢ

Август 22, 2008 10:38

             Душанбе, 22 август (АМИТ «Ховар», Бурҳониддин Каримзода).- Ҳар рӯз аз ноҳияи Рӯдакӣ садҳо тонна маҳсулоти зироат, чорводорӣ ва дигар анвои озуқа ба пойтахти ҷумҳурӣ ворид мешавад. Ин ноҳия аз ҷумлаи минтақаҳои асосиест, ки аҳолии шаҳри Душанберо бо маводи озуқа таъмин мекунад. Соли ҷорӣ меҳнаткашони ноҳия корро дар асоси Муроҷиатномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аъзои Ҳукумат ва мардуми шарифи мамлакати ба роҳ монда, комёбиҳои хубро ноил мешаванд. Аз аввали сол то ин дам ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти хоҷагии халқи ноҳия 183 миллиону 431 ҳазор сомониро ташкил дод, ин назар ба ҳамин давраи соли гузашта 32 миллиону 518 ҳазор сомонӣ зиёд аст. Дар маҷмӯъ, истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 13,0 фоиз, кишоварзӣ 70,3 фоиз ва дигар соҳаҳо 7,4 миллиону 342 ҳазор сомонӣ ё ин, ки 116,9 фоиз иҷро шудааст. Тавре аз ин маълумоти оморӣ бармеояд қисми зиёди маҷмӯи умумии маҳсулот ба соҳаи кишоварзӣ рост меояд.Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» бо муовини Раиси ноҳия Хайрулло Сӯфиев ҳамсӯҳбат шуд:-Тавре ба мо маълум гардид, имсол соҳаи кишоварзии ноҳия бештар рушду инкишоф меёбад. Кадом омилҳо боиси пешрафти корҳо гардидаанд? Омили асосӣ, пеш аз ҳама он аст, ки дар ибидои соли 2008 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аъзои Ҳукумат ва мардуми шарифи мамлакат муроҷиат карда, ба кори пурмасъулият, истифодаи самараноки замин ва таъмини амнияти озӯқаворӣ даъват карда буд. Ва меҳнаткашони ноҳияи мо яке аз аввалинҳо шуда ин муроҷиатномаро дастгирӣ карданд ва то имрӯз дар асоси он корҳои зиёдеро низ анҷом доданд.    Соҳаи кишоварзӣ яке аз соҳаҳои асосӣ ва муҳимтарини ноҳия  ба ҳисоб меравад, ки  аҳолиро бо маҳсулоти озуқаворӣ ва саноатро бо ашёи хом таъмин менамояд. Дар ин соҳа ба ҳисоби миёна ҳар сол 72 фоиз маҷмӯи умумии маҳсулоти хоҷагии халқ истеҳсол карда мешавад. Маҷмӯи умуми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи сохторҳои хоҷагидорӣ дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ 145 миллиону 565 ҳазор сомониро ташкил дод.   Кишоварзони ноҳия соли ҷорӣ дар майдони 29264 гектар кишти зироатҳои баҳорӣ гузарониданд, ки аз ин микдор 19015 гектар зироатҳои ѓалладона, 1650 гектар пахта, 800 гектар картошка, 2110 гектар сабзавот,  2564 гектар хӯроки чорво, 2564 гектар заѓир ва дар 516 гектар дигар намудҳои маҳсулоти кишоварзӣ кишт карда шудааст. Дар майдони 132 гектар боѓу токзорҳои нав бунёд карда, 17 гектар боѓу токзорҳои кӯҳна барқарор карда шудааст.Мувофиқи маълумотҳо то 1 август саршумори ҳайвони калони шохдор дар ҳамаи сохторҳои хоҷагидорӣ 64647 сар, аз он ҷумла модагов 35285 сар, гӯсфанду буз 71185 сар, парранда  117088 сар ва асп 3372 сарро ташкил додаст. Аз ин миқдор 96,7 фоиз чорвои калони шохдор,  98,2 фоиз модаговҳо, 81,5 фоиз гӯсфанду буз, 79,1 фоиз парранда ва 74,2 фоиз асп ба хоҷагиҳои шахсии аҳолӣ рост меояд.Суръати афзоиши саршумори чорвои шохдори калон нисбат ба соли гузашта 125,8 фоиз ва бузу гӯсфанд 117,3 фоизро ташкил медиҳад. Саршумори  парранда зиёд гашта, саршумори асп 474 сар кам гардид. Истеҳсоли гӯшт ба 2285 тонна, шир ба 7742 тонна ва тухм ба 2 миллиону 762 ҳазор дона расонида шуд. Агар нисбат ба соли гузашта 196,4 тонна гушт ва 105,2 тонна шир зиёд гардида бошад, истеҳсоли тухм 712 ҳазор дона кам гардид. Дар сектори чамъиятӣ истеҳсоли гӯшт 620 сентнер, шир 338 сентнер, ширҷӯшӣ аз 1 модагов 39 кг, тухмигирӣ  аз 1 сар мокиён 49 дона нисбати ҳамин давраи соли гузашта зиёд мебошад.-Дар Муроҷиатномаи Президент ба роҳ мондани кишти такрорӣ махсус таъкид гардидааст. Дар ин бобат чӣ корҳо анҷом ёфтанд.  -Ба ин масъала низ деҳқонони ноҳия диққати махсус доданд. Мувофиқи нақша хоҷагиҳои ноҳия бояд дар майдони 5000 га кишти такрории зироатҳоро мегузарониданд. Ба ҳолати 15 август дар майдони 5634 га кишти такрорӣ гузаронида шуд, ки нисбати ҳамин давраи соли 2007 1966 га зиёд мебошад. Асосан зироатҳои ѓалладона ва лӯбиёгӣ, ҷуворимакка барои  дон, офтобпараст, сабзавот, картошка, хӯроки чорво кишт карда шуданд. Кишти зироатҳои такрорӣ идома дорад.   -Сарвари давлат дар ҳар як  сӯҳбату мулоқотҳое, ки хусусан бо меҳнаткашони шаҳру ноҳияҳо мегузаронад, онҳоро ба кабудизоркунӣ, шинонидани ниҳолу гулу гулбутта, истифодаи оқилонаи замин ва талу теппаҳо, умуман ободу зебо гардонидани диёр даъват менамояд. Ин масъалаҳоро дар ноҳияи Шумо чӣ тавр ҳаллу фасл мекунанд?Бале, ин таъкидоти мӯҳтарам Президент ҳамеша дар мадди назари мо аст. Дар рафти чорабиниҳои таъмини озуқаворӣ ҳамеша зироаткорону аҳолиро  ба истифодаи босамари қитъаҳои дар ихтиёрашон дошта, заминҳои назди ҳавлигӣ ва талу теппаҳо даъват менамоем. Дар сафарҳои кории худ ба ноҳия, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон аз истифодаи дурусти заминҳо дар ҷамоати деҳоти «Россия» изҳори хушнудӣ карда, таҷрибаи деҳқонони ин ҷамоатро, ки аз замин 3-4 ҳосили сабзавот ба даст меоранд, дастгирӣ намуда, гуфта буданд, ки барои омӯхтани таҷрибаи истифодаи оқилона ва самараноки замин ба хориҷа рафтан лозим нест, истифодаи заминро аз аҳолии хоҷагии «Россия» омӯзем. Истифодаи заминҳои наздиҳавлигӣ дар ҷамоатҳои деҳоти 40 солагии Тоҷикистон, Гулистон, Зайнабобод низ хуб ба роҳ монда шудааст. Соли ҷорӣ дар маъракаҳои ниҳолшинонӣ ва кабудизоркунӣ меҳнаткашони ноҳия ѓайратмандона меҳнат карданд. Дар ин давра 152 ҳазор бех ниҳол шинонда шуд, ки аз он 68,8  ҳазор бехро дарахтони сояафкан ва 56,6 ҳазор бехро дарахтони мевадиҳанда ва ороишиву ҳамешасабз ташкил медиҳад.Бунёди боғу токзорҳои нав, махсусан барқарор намудани шӯҳрати пештараи ангури ҷавзи Роҳатӣ, шинонидани дарахтҳои ҳамешасабз дар талу теппаҳои шоҳроҳҳои Душанбе-Ваҳдат, Душанбе-Қурғонтеппа, Душанбе-Турсунзода, ки Ҷаноби Олӣ супориш дода буд, яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи мо буда, дар мавсими тирамоҳу зимистони соли 2008-2009 ин корҳоро оғоз менамоем.  Албатта ин тадбирҳо ба ободу зебо шудани диёр, таъмини амнияти озуқаворӣ ва беҳбудии рӯзгори мардум мусоидат мекунад.   

Август 22, 2008 10:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд