Г.ШРЕДЕР: «ГРУЗИЯРО ДАР МУДДАТИ КӮТОҲ БА НАТО ҚАБУЛ КАРДАН МУМКИН НЕСТ»
Вай зимни сӯҳбат бо хабарнигорон дар бораи имкониятҳои қабули Гурҷистон ба НАТО сухан ронда, зикр кард, ки ин баъди воқеаҳои охирини минтақаи Қафқоз амалан ғайриимкон гардидааст. Амалиёти ҳарбиро дар минтақа Гурҷистон бо ишғоли пойтахти Иристони Ҷанубӣ оғоз кард, гуфт Шредер. Вай изҳори шубҳа намуд, ки Вашингтон аз нақшаҳои президенти Гурҷистон дар бораи ҳуҷум ба Иристони Ҷанубӣ хабар надошта бошад. Қайд карда шуд, ки дар Гурҷистон теъдоди зиёди мушовирони амрикоӣ кор мекунанд. Канслери собиқи ҶФО изҳори боварӣ кард, ки Русия дар Қафқоз сиёсати ишғолгаронаро амалӣ намесозад. Шредер аз имконияти ба Қафқоз фиристодани қисмҳои ҳарбии ҳомии сулҳи Созмони амнияту ҳамкории Аврупо изҳори қаноатмандӣ намуда, гуфт, ки ба ин минтақа қисмҳои ҳарбии Олмонро низ фиристодан мумкин аст. Ин масъала бояд ҳатман бо Русия мувофиқа карда шавад, таъкид кард Шредер. Вай афзуд, ки Иттиҳоди Аврупо аз сарфи назар намудани нақшаҳои ҳамкории стратегӣ бо Русия вобаста ба воқеаҳои охирини минтақаи Қафқоз набояд сарфи назар кунад. Ман Русияро ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи Аврупо мешуморам, гуфт вай. Воқеаҳои Қафқоз нишон медиҳанд, ки ғарб дар масъалаи муносибат бо Русия ба хатоҳои ҷиддӣ роҳ додааст, иқрор шуд канслери собиқи Олмон. Хабар дода мешавад, ки НАТО 12 август дар маҷлиси худ қарор дод, ки масъалаи мӯҳлати қабули Гурҷистон ва Украина ба узвияти ин созмон тағйир дода нашавад. Илова бар ин, тибқи қарори мамлакатҳои аъзои НАТО намояндагони Русия ба муҳокимаи вазъияти минтақаи Қафқоз дар Шӯрои НАТО даъват карда намешавад








НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ҳама намуди андозу даромадҳо дар шаҳри Роғун 125,7 фоиз иҷро шуд
Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст






