ХАТИ ҲАРАКАТИ НАҚЛИЁТ РӮЗҲОИ МУЛОҚОТИ СҲШ ТАҒЙИР МЕЁБАД

Август 27, 2008 17:51

Душанбе, 27 август. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева).- Аз дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки рӯзҳои мулоқоти сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Душанбе хати ҳаракати нақлиёт дар вақтҳои муайян тағйир дода мешавад. Тағйироти хати ҳаракати нақлиёт, ғайр аз нақлиёти ҷамъиятӣ, яъне автобусҳо ва троллейбусҳо дар пойтахт то 29 август давом мекунад. Дар давоми ин рӯзҳо ҳаракати нақлиёт, аз ҷумла дар кӯчаҳои Аҳмади Дониш, Айнӣ, хиёбони Рӯдакӣ, аз хиёбони Рӯдакӣ то километри 42- юми роҳи мошингарди Душанбе- Хуҷанд- деҳаи Ҳушёрии ноҳияи Варзоб, кӯчаи Низомии Ганҷавӣ, хиёбони Исмоили Сомонӣ, кӯчаҳои Горкий, Саъдии Шерозӣ, Неъмат Қарабоев, Шестопалов ва Борбад дар вақтҳои гуногун боздошта мешавад. Дар Вазорати корҳои дохилӣ таъкид карданд, ки ронандагони воситаҳои нақлиёт, хусусан нақлиёти транзитӣ дар давоми ин рӯзҳо дар кӯчаҳои Ҳофизи Шерозӣ, Карамов, Умари Хайём, Турсунзода, Дӯстии халқҳо, Бухоро, Сино, Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов, Абай, Ҷомӣ, 50 — солагии Тоҷикистон, Қаҳҳоров ва роҳи мошингарди колхози «Русия» ҳаракат карда метавонанд.

Август 27, 2008 17:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Дар Суғд ғолибони даври вилоятии озмунҳои ҷумҳуриявӣ муайян гардиданд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор боқӣ мемонад
Дар Ҳисор дар мавзуи муқовимат ба коррупсия конфронси илмӣ доир гардид
Ҷалби ташкилоти хориҷӣ ба Форуми байналмилалии «Dushanbe Invest 2025» баррасӣ гардид
«МегаФон Life»: осонтар, зудтар ва муносибтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда шуда, сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Беш аз 50 хонаводаи маҳаллаи Деҳқонободи ноҳияи Мастчоҳ бо оби нӯшокӣ таъмин мегарданд
Лоиҳаи Харитаи роҳ доир ба татбиқи ташаббусҳо дар самти «Ояндабинии Осиёи Марказӣ– 2050» муаррифӣ шуд
Дар ноҳияи Ашт соҳилҳои рӯди маҳаллӣ мустаҳкам карда мешаванд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Суғд ҷаласаи сайёри Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон доир гардид