ХУ СЗИНТАО БА ДУШАНБЕ ОМАД

Август 27, 2008 10:04

Ӯро дар майдони ҳавоии пойтахт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва шахсони дигари расмӣ пешвоз гирифтанд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки Президенти Ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон имрӯз бо раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин мулоқот мекунад. Сипас гуфтушуниди ҳайатҳои расмии ҳар ду давлат ва маросими имзои ҳуҷҷатҳои ҳамкорӣ баргузор мегарданд. Ху Сзинтао ва Эмомалӣ Раҳмон баъди имзои ҳуҷҷатҳо дар назди намояндагони воситаҳои ахбори оммавӣ изҳорот медиҳанд. Раиси давлати Чин баъдан бо раисони ҳар ду палатаи парлумони Тоҷикистон ва сарвазири мамлакат мулоқот хоҳад кард. Ху Сзинтао дар ҷараёни сафар дар маҷлиси ҳаштуми Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай иштирок менамояд, ки 28 август кушода мешавад. Хабар дода мешавад, ки раиси давлати Чин аз Ҷумҳурии Куриё ба Душанбе омадааст.

Август 27, 2008 10:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Бо мақсади омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«НАВРӮЗ-МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ». Таҳти ин унвон фестивали байналмилалӣ доир мегардад
«МегаФон Life»: замимае, ки ба он эътимод доранд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад
Таомҳои тоҷикӣ дар шаҳрҳои Федератсияи Русия ба таври шоиста муаррифӣ мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Ҳисор ҳамоиши минтақавии раисони шуроҳои ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд