ИШТИРОКИ Э. РАҲМОН ДАР МАРОСИМИ ИФТИТОҲИ БОҒИ УСТОД РЎДАКИ

Август 26, 2008 07:34

Бегоҳии имрўз бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳри Душанбе Боғи устод Рўдакӣ дар фазои тантанавӣ ифтитоҳ ёфта, расман ба истифода дода шуд.Боғи устод Рўдакӣ имсол ба ифтихори 1150-солагии қофиласолори шеъру адаби тоҷику форс мавриди азнавсозӣ ва ободу зебо кардан қарор гирифт ва дар маркази он пайкараи бузурги шоир гузошта шуд.Намояндагони илму фарҳанг ва аҳли ҷамоатчигии пойтахт Сарвари фарҳангдўсту фарҳангпарвар ва эҳёгару тарғибкунандаи таърихи пурғановати ниёгони шўҳратмандамон Эмомалӣ Раҳмонро бо ҳисси эҳтирому арҷгузорӣ ва ифтихору сарфарозӣ аз давлату давлатдории миллӣ истиқбол гирифтанд.Азнавсозии Боғи устод Рўдакӣ дар асоси дастури Сарвари давлат чун армуғони сазовор ба ҷашни 1150-солагии маликушшуаро дар мўҳлати 9 моҳ анҷом дода шуд. Боғи устод Рўдакӣ бо фаввораҳои бешумори дилфиреб ва гулу гулгаштҳои нозанин  ҳусну ҷамоли тоза пайдо намудааст. Маблағи азнавсозии боғ ва офариниши пайкараи биринҷии устод Абўабдулло Рўдакӣ, ки 7 метр баландӣ дорад, 32,5 миллион сомониро ташкил додааст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар назди ҳазорон нафар дўстдорони илму адаб ва фарҳанги волои тоҷикон суханронӣ намуда, ин рўйдоди фараҳбахшро ба кулли мардуми кишвар табрику таҳният гуфт ва ба ҳамаи онҳое, ки дар бунёди ин боғи зебо ва пайкараи пурҷило саҳмгузорӣ намудаанд арзи сипосу миннатдорӣ кард.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев парда аз рўйи пайкараи султони шоирон-Абўабдулло Рўдакӣ бардошта, рў ба мардум кушодани ў ва ифтитоҳи дубораи Боғи устод Рўдакиро баъди азнавсозӣ расман эълон намуданд.Басо гуворо аст, ки дар пайкара симои айёми ҷавонии устод Абуабдулло Рўдакӣ таҷассум ёфтааст.Боғи таҷдидшудаи устод Рўдакӣ имрўз дар масоҳати 12,78 гектар қитъаи замин доман паҳн намуда, дар радифи майдони Дўстӣ, Маҷмааи Ваҳдати миллии Тоҷикистон ва бинои навбунёди боҳашамати Қасри миллат ба як ансамбли нотакрори меъморию фарҳангӣ ва мавзеи гуворои гаштугузори сокинону меҳмонони пойтахти кишвари азизамон табдил ёфтааст.Ин рўйдоди пурарзиши фарҳангӣ, ки дар арафаи ҷашнҳои бузурги соли равон ҷараён гирифт, бо ҳунарнамоии ҳунармандони машҳури театру кино ва консерти бошукўҳи устодони санъати Тоҷикистон ба поён расид. 

Август 26, 2008 07:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид