ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БАРОИ ВАО

Август 28, 2008 16:18

Намояндагони мӯҳтарами воситаҳои ахбори оммавӣ, сафари расмии раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин, дӯсти бузурги Тоҷикистон, ҷаноби мӯҳтарам Ху Сзинтао ба мамлакати мо дар дар таърихи навтарини муносибатҳои неки ҳамсоягии халқҳои ҳар ду кишвар воқеаи муҳим мебошад. Мулоқоти мо, ки мувофиқи анъанаҳои самимияту ҳамдигарфаҳмии мо баргузор гардид, бори дигар ягонагии муносибатҳо ва мавқеи давлатҳоямонро дар бобати рушди ояндаи муносибатҳои дуҷониба ва масъалҳои муҳимтарини дорои хусусияти байналхалқӣ ва минтақавӣ нишон дод. Мо ҳамроҳи ҷаноби Раис бори дигар мароқи хешро барои ҳамаҷониба мустаҳкам намудани шарокату ҳамкорӣ таъкид кардем, ки дар заминаи принсипҳои Муоҳидаи ҳусни ҳамҷаворӣ, дӯстӣ ва ҳамкорӣ ба оянда нигаронида шудааст. Муоҳидаи мазкур таҳкурии мустаҳками равнақу ривоҷи ҳамкории мо дар самтҳои гуногун мебошад. Дар ҷараёни мулоқот бо камоли каноатмандӣ зикр шуд, ки муносибатҳои мутақобалаи Тоҷикистону Чин муттасил густариш меёбанд. Ин дар нақшаҳо ва барномаҳои калонҳаҷму доманадор ифода ёфтааст, ки имрӯз дар қаламрави Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд. Дар ин бобат сол то сол афзоиш ёфтани ҳаҷми хариду фурӯши мол дар байни хар ду кишвар низ шаҳодат медиҳад. Айни ҳол дар мамлакати мо бештар аз 80 ширкати калонтарини Чин дар соҳаҳи алоқа, сохтмон, тармиму таҷдиди роҳҳои мошингард, бунёди хатҳои интиқоли барқ ва хизматрасонӣ фаъолият доранд. Ҳар ду ҷониб дар ин хусус ҳамақида буданд, ки барои вусъати соҳаҳои ҳамкорӣ тамоми тадбирҳои заруриро андешидан зарур аст. Аз ҷумла, ҷониби Чин ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои гидроэнергетика, истихроҷи маъдан, саноати сабук, истеҳсоли озуқа ва коркарди маҳсулот мароқ зоҳир менамояд. Бо назардошти аҳамияти стратегии соҳаи энергетика барои мо изҳор менамоям, ки дар масъалаи сохтмони нерӯгоҳҳои барқии обӣ ва марказҳои гармидиҳӣ бо истифодаи ангишт нақшаҳои мушаххас таҳия карда шуданд. Мутахассисони ҳар ду мамлакат ояндаи наздик ҷиҳатҳои мушаххас ва масъалаҳои техникии ин ҳамкориро баррасӣ менамоянд ва мо умедворем, ки ин барномаҳо ояндаи наздик амадӣ карда мешаванд. Шумо ин ҷо шоҳиди имзои теъдоди зиёди ҳуҷҷатҳо гардидед. Ин дар бораи самараи бузурги сафари ҷаноби Раис ба мамлакати мо шаҳодат медиҳад. Ин ҳуҷҷатҳои ҳамкорӣ муносибатҳои моро дар самтҳои зикршуда мушаххастар сохта, бояд сифати ҳамкориро беҳтар созанд. Мо ҳамроҳи ҷаноби Раис вазъияти минтақаро баррасӣ намуда, паймон кардем, ки мавқеъ ва муносибатҳоямонро доир ба проблемаҳои муҳимтарини байналхалқӣ ва минтақавӣ мувофиқ ва ҳамоҳанг созем. Аз ҷумла, Тоҷикистону Чин ба тарафдории тақвияти фаъолияти СҲШ ҳамчун воситаи самарабахши ҳамкории бисёрҷониба ақида изҳор намуданд. Умедворем, ки мулоқоти сарони давлатҳои аъзои СҲШ дар Душанбе дар роҳи тақвияти нақши Созмон иқдоми муҳим хоҳад гашт. Тоҷикистон ба равнақу ривоҷи муносибатҳо ва густариши равобити ҳамкорӣ бо ҳамсояи бузурги худ назари некбинона дорад. Аминам, ки ташрифи ҷаноби Раис Ху Сзинтао дар солномаи муносибатҳои дӯстона ва ҳусни ҳамҷавории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин саҳифаи нав хоҳад гашт. Аз ҷаноби Раис бо камоли қаноатмандӣ хоҳиш мекунам, ки мулоҳизаҳояшонро дар бораи натиҷаҳои мулоқот ва ояндаи муносибатҳо ва ҳамкории Тоҷикистону Чин баён созанд.

Август 28, 2008 16:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ҳошияи Соли фарҳанги китобхонӣ маҷмӯаи «Нома ба насли оянда» аз чоп баромад
Таҳти унвони «Забон, Ваҳдат ва суботи миллӣ» конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Саридораи геология ҳамоиш баргузор гардид
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ конфронси илмӣ-назариявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ китоби «Ваҳдатсаро» ба нашр расид
Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ҳаёти 16 нафарро ҳангоми ғарқшавӣ аз марг наҷот доданд
Дар Душанбе сеюмин Форуми Тоҷикистон ва Чин оид ба таҳсилоти муҳандисӣ-техникӣ доир шуд
Сулҳи тоҷикон барои давлатҳои ҷаҳон ҳамчун таҷриба пазируфта шудааст
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон Рӯзи Ваҳдати миллиро ҷашн гирифтанд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Тоҷикистон то соли 2032 ба кишвари тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил хоҳад ёфт
«САЁҲАТ БА ҚАЛБИ АВРУОСИЁ». Иштирокчиёни экспедитсия бо фарҳанг ва анъанаҳои мардуми Қазоқистон шинос шуданд