КОРПОРАТСИЯИ БАЙНАЛХАЛҚИИ МОЛИЯВӢ ҲАМКОРИРО БО «ТОҶИКСОДИРОТБОНК» ВУСЪАТ МЕД

Август 19, 2008 18:41

           Л.Тюнелл хабар дод, ки Корпоратсияи байналхалқии молиявӣ ба  «Тоҷиксодиротбонк» барои дастгирии соҳаи кишоварзии мамлакат ва  вусъат додани системаи қарзҳои дарозмуддат 10 миллион доллар қарз медиҳад. Инчунин ба  «Тоҷиксодиротбонк» барои сармоягузорӣ ба соҳаи тиҷорат 5 миллион доллар қарз дода мешавад.            Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки  аз ин маблағ 6 миллион доллар барои қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти соҳаи кишоварзӣ ва 4 миллион доллар барои додани  қарзҳои дарозмуддат  (лизинг) истифода бурда мешавад. Хоҷагиҳои деҳқонию фермерӣ ва корхонаҳои соҳаи кишоварзӣ аз бонк қарз гирифта метавонанд. 5 миллион  доллар барои вусъат додани тиҷорат бо мамлакатҳои хориҷӣ, ворид сохтани маводи озуқа ва  хариди молҳои зурурӣ барои тоҷирону соҳибкорони хурду миёна сарф карда мешавад.

Август 19, 2008 18:41

Хабарҳои дигари ин бахш

НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ҳама намуди андозу даромадҳо дар шаҳри Роғун 125,7 фоиз иҷро шуд
Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст