МАКТАБҲО БА СОЛИ НАВИ ХОНИШ ЧӢ ГУНА ОМОДАГӢ МЕГИРАНД?

Август 21, 2008 11:21

Хабарнигори АМИТ «Ховар» дар робита бо мудири шӯъбаи маорифи ноҳияи Рӯдакӣ Ҷумъа Назаров ҳамсӯҳбат шуд: -Мӯҳтарам Назаров рафти омодагӣ ба соли нави хониш дар ноҳияи шумо чӣ гуна аст? -Маъракаи омодагӣ ба ҳар як соли нави хониш барои маорифчиён айёми ташвишу тараддудҳост, зеро аз фаъолияти ин давра вобаста аст ҷараёни кору фаъолияти ояндаи муассисаҳои таълимӣ. Ба ин маъракаи муҳим шӯъбаи маориф ва муассисаҳои таълимии тобеи он тайёриро ҳанӯз аз аввали моҳи май оғоз карда буданд. Бо ин мақсад дар шӯъбаи маориф ситоди махсус ва комиссия ташкил гардид ва аъзои он рафти тайёриро дар муассисаҳои таълимӣ мунтазам санҷида, ба шӯъбаи маориф ахбор пешниҳод менамоянд. Аз ҳисоби кормандони шӯъба ба ҷамоатҳои шаҳраку деҳот намояндаҳо фиристода шуданд, ки онҳо рафти таъмири биноҳо ва корҳои омодагии муассисаҳои таълимиро назорат карданд. Дар натиҷаи гузаронидани ин чорабиниҳо ва дигар тадбирҳои зарурӣ имрӯз метавон гуфт, ки ҳамаи мактабҳои таҳсилоти умумии ноҳия таъмир шуда, ба соли нави хониш омодаанд. Бояд гуфт, ки бо амри раиси ноҳия Мансур Қодиров ҳамаи раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, мудирони шӯъбаҳои дахлдор вазифадор гардиданд, ки дар омода намудани мактабҳо ва кӯдакистонҳо ба соли нави хониш, таъмини онҳо бо ашёҳои хониш, захираи хӯрок барои кӯдакистонҳо, тайёрӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2008-2009, ҷалби сарпарастону шахсони хайрхоҳ дар ин самт саҳми худро гузоранд. Барои таъмири мактабҳо аз буҷаи ноҳия 198750 сомонӣ, аз ҳисоби волидайн 147438 сомонӣ, аз ҳисоби сарпарастон ва даромади заминҳои наздимактабӣ 50087 сомонӣ харҷ гардид. Гузаштан ба шакли нави идоракунӣ ва маблағгузории сарикасӣ ба пешрафти корҳо мусоидат кард. -Ин шакли нави фаъолият бо кадом мақсад ҷорӣ гардид ва манфиат аз он дар чист? — Ин кор дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 июни соли 2007, №350 «Дар бораи идоракунӣ ва маблағгузорӣ» ва қарори раиси ноҳияи Рӯдакӣ аз 29 ноябри соли 2007, №639, бо мақсади самаранок истифода бурдани маблағҳои барои соҳаи маориф ҷудошуда, ҳалли масъалаҳои молиявию хоҷагӣ мустақилият додан ба таълимгоҳҳо, мустаҳкам кардани пояи моддию техникии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ аз 1 январи соли 2008 ҷорӣ гардид. 32 мактаби таҳсилоти умумии ибтидоӣ, ки имконияти кушодани суратҳисоби худро надоштанд, ба филиалҳои мактабҳои умумии асосӣ ва миёнаи умумӣ табдил дода шуданд. Баъди ин кор ҳоло шумораи умумии мактабҳои ноҳия аз 179 ба 147-то расид, ки дар онҳо 3507 нафар омӯзгорон ба кори таълиму тарбия машғуланд. Инчунин дар ноҳия 11 муассисаи томактабӣ фаъолият менамояд. -Яке аз масъалаҳои муҳим дар ин давра омодагии таълимгоҳҳо ба зимистон аст. Дар ин самт чӣ тадбирҳо андешидед? -Албатта ин масъала мавриди таваҷҷӯҳи ҷиддӣ қарор дорад. Дар ноҳия 34 мактаб системаи марказии гармидиҳӣ дорад, вале 31-тои он корношоям буда ва ба таъмиру барқарорсозӣ ниёз доранд. Дар ин бобат чораҳо андешида мешаванд. З таълимгоҳ бо қувваи барқ ва 6 мактаб (рақамҳои 34, 115, 116, 172, 63, 61) бо газ гарм карда мешавад. Зимистони гузашта масъалаи таъминот бо газ низ мушкил буд. Имсол маъмурияти мактабҳо бо ҷамъияти матлуботи ноҳия шартнома бастаанд ва тибқи он ҷамъияти матлубот мактабҳоро бо ангишт ва ҳезум таъмин мекунад. Ба ин мақсад аз ҳисоби буҷаи ноҳия барои соҳаи маориф 158236 сомонӣ маблағ пешбинӣ шудааст. То имрӯз мактабҳои ноҳия бо 759 дона печка, 321 тонна ангишт ва 162 метри мукааб ҳезум таъмин карда шудаанд. Дар баробари ин, 12 мактаб хатти озоди барқ доранд ва мактабҳо бо 18 генератор таъминанд. Ҳоло ҷараёни захира кардани ҳезуму ангишт идома дорад. Ҳолати таъмини мактабҳои ноҳия бо шишаҳои тиреза ҳоло хелебеҳтар гардидааст. Солҳои охир, инчунин ба мустаҳкам намудани базаи моддию техникии таълимгоҳҳо ва сохтмони биноҳои нави мактабҳо эътибори ҷиддӣ дода мешавад. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барномаи таъмиру барқарорсозии мактабҳоро таҳия намудааст, ки мувофиқи он то соли 2010 таълимгоҳҳое, ки дар вагонҳо ва хонаҳои шахсӣ ҷойгир аст ба биноҳои нав кӯчонда, мактабҳои дар ҳолати садамавӣ қарор дошта, аз нав сохта мешаванд. Ҳоло сохтмони биноҳои нави мактабҳои №№39 (ҷамоати деҳоти Гулистон), 47 (ҷамоати деҳоти Роҳатӣ) аз ҳисоби Вазорати маорифи ҷумҳурӣ, 42 (ҷамоати деҳоти Роҳатӣ), 31 (ҷамоати деҳоти Эсанбой) аз ҳисоби ташкилоти «Вдохновение», 71 (ҷамоати деҳоти Қиблаӣ), 124 (ҷамоати деҳоти Чоряккорон), 115 (ҷамоати деҳоти Чимтеппа), 49 (ҷамоати деҳоти Роҳатӣ), 150 (ҷамоати деҳоти Эсанбой) аз ҳисоби буҷаи ноҳия, 172 (ҷамоати деҳоти Чортеппа) аз ҳисоби Маркази идораи лоиҳаи қарзҳо дар соҳаи маориф давом дорад. Дар назди мактабҳои рақамҳои 37 сохтмони 2 синфхона, 47-3 синфхонаи иловагӣ идома дорад. Сохтани биноҳои нави таълимии мактабҳои рақамҳои 110, 38, 154, 139 аз ҳисоби даромадҳои иловагии буҷети ноҳия дар нимаи 2-юми соли 2008 оғоз карда мешавад. Дар ин давра таълимгоҳҳои ноҳия бо 400 дона курсӣ, 129 тахтаи синфӣ аз ҳисоби буҷаи ноҳия, 78 курсӣ ва 3 тахтаи синфӣ аз ҳисоби Вазорати маориф таъмин карда шуд. -Бигӯед, ки барои ҷалби мутахассисони соҳаи маориф чӣ корҳоро анҷом медиҳед? -Шӯъбаи маорифи ноҳия бо мақсади бо кадрҳои омӯзгорӣ таъмин кардани таълимгоҳҳо ба донишкадаю донишгоҳҳои ҷумҳурӣ намояндагони худро фиристода, рӯйхати 75 нафар мутахассиси ҷавонро, ки бояд ба ноҳия ба кор биёянд, гирифтанд. Аз ин шумораи мутахассисон то имрӯз 32 нафар бо роҳхати Вазорати маорифи ҷумҳурӣ ва 43 нафар собиқадорон ба кор омаданд.

Август 21, 2008 11:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Панҷакент оид ба омодагии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ машварат баргузор шуд
Муовини Президенти Шурои ҷаҳонии ҳунарҳои мардумӣ дар минтақаи Осиё-Уқёнуси Ором бо тамаддуни тоҷикон шинос шуд
Бахшида ба 32-солагии Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Омодагӣ ба соли нави хониш дар ҷаласаи Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ баррасӣ шуд
Масъалаи ташкили ковишҳои бостоншиносӣ дар мавзеи «Дараи Алмосӣ» баррасӣ гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир гардид
Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ заминаи боэътимоди рушди босуботи ҷомеа мебошад
Истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ заминаи хуби фаровонҳосилӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво ба 38 дараҷа мерасад
ИСТИФОДАИ БОСАМАРИ ЗАМИН. Сокини деҳаи Гулистони ноҳияи Кӯшониён аз замини наздиҳавлигӣ ду-се ҳосил ба даст меорад