«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Ғолибони озмун дар баробари мукофотпулӣ аз кадом имтиёзҳо бархӯрдор мешаванд?
ДУШАНБЕ, 19.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Соли ҳаштум аст, ки дар Тоҷикистон таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» баргузор мегардад. Аз соли 2019 то 2025 дар озмун 21 687 довталаб аз тамоми қаламрави мамлакат иштирок намудааст, ки аз ин шумора бештари онҳо ғолибони Шоҳҷоиза, ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм мебошанд. Ғолибони озмун дар баробари мукофотпулӣ аз кадом имтиёзҳо бархӯрдор мешаванд?
Тибқи Низомномаи озмун, ғолибони Шоҳҷоиза, ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм ба ихтисосҳои соҳаи фарҳанг ва омӯзгории равияи санъати тасвирӣ ва мусиқии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи махсус, миёнаи касбӣ ва олии касбии мамлакат бе супоридани имтиҳон ба гурӯҳҳои ройгон қабул карда мешаванд.
Ҳамчунин хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ибтидоии касбӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, ки ғолибони Шоҳҷоиза, ҷойҳои якум, дуюм ва сеюми озмун шудаанд, дар марказҳои бачагонаи рассомӣ, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи махсус, миёнаи касбӣ ва олии касбии соҳаи фарҳанги ҷумҳурӣ, инчунин дар ихтисосҳои омӯзгории равияи санъати тасвирӣ ва мусиқӣ ба муҳлати се сол ҳуқуқи таҳсил бе супоридани имтиҳонҳо дар гурӯҳҳои ройгонро доранд.
Инчунин иштирокдорони даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» яъне, хонандагони синфҳои 9 ва 11 дар соли 2026 ба ихтисосҳои соҳаи фарҳанг ва омӯзгории равияи санъати тасвирӣ ва мусиқии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи махсус, миёнаи касбӣ ва олии касбии мамлакат дар асоси тавсияи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бе супоридани имтиҳон ба гурӯҳҳои ройгон қабул карда мешаванд.
Иштирокчие, ки дар муассисаҳои таълимии давлатӣ дар гурӯҳҳои пулакӣ таҳсил мекунад, имтиёзи дигар низ дорад. Яъне дар даври ҷумҳуриявӣ баъди сазовори ҷойҳои 1, 2, 3 ё Шоҳҷоиза ва соҳиби мукофотпулӣ гардидан ба гурӯҳи ройгони таҳсил гузаронида мешавад.
Тавре аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, яке аз ҳадафҳои ин озмун дарёфти истеъдодҳои нав дар соҳаҳои санъати мусиқӣ, сарояндагӣ, тасвирӣ ва дизайн мебошад. Аз ин рӯ ғолибони Шоҳҷоиза, ҷойҳои якум, дуюм ва сеюми озмун тавассути барномаҳои телевизионӣ ва радиоӣ муаррифӣ шуда, ҳуқуқи иштирок дар чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалиро пайдо менамоянд.
Инчунин ғолибони Шоҳҷоиза, ҷойҳои якум, дуюм ва сеюми даври сеюм аз номинатсияи оҳангсозӣ-бастакорӣ пас аз хатми муассисаи олии касбии соҳавӣ ба узвияти Иттифоқи композиторони Тоҷикистон пешниҳод мегарданд.
Тибқи иттилои Вазорати фарҳанги мамлакат, ҳуҷҷатҳои озмун ва рӯйхати ғолибонро тибқи тартиби муқарраршуда ба муҳлати 10 сол нигоҳдорӣ намуда, баъдан ба бойгонӣ месупоранд.
Ёдовар мешавем, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» соли ҳаштум аст, ки зери таваҷҷуҳ ва сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади муаррифии фарҳанги волои миллати тоҷик, эҳёи санъати миллӣ ва тарғиби он, арҷгузорӣ ба санъату ҳунари аҷдодӣ, баланд бардоштани сатҳи касбии санъати мусиқӣ, навозандагӣ, сарояндагӣ, маҳорати касбии ҳунари мусаввирӣ, ҳайкалтарошӣ, ороишгарӣ ва либосдӯзӣ, интихоби намунаҳои беҳтарини оҳангу суруд ва асарҳои рассомӣ баргузор мешавад.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «ХОВАР»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
ТАЪРИХИ ПАЙДОИШИ АСЪОРИ МИЛЛӢ. Эҳтироми пули миллӣ эҳтироми миллат аст!
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
Намояндагони воситаҳои ахбори омма дар Хатлон бо натиҷаҳои лоиҳаҳои Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид шинос гардиданд
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад






