МАКТАБҲО БА СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ ОМОДААНД
Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дар вилоят то имрӯз 20 мактаб пурра таъмир карда шуд. Дар ноҳияи Роштқалъа як мактаб ва дар ноҳияи Ишкошим 4 мактаби нав сохта ба истифода дода шуданд. Ҳамаи мактабҳо бо навъҳои гуногуни сӯзишворӣ, аз ҷумла ангишту ҳезум таъмин карда мешаванд. Дар бобати таъмини китобҳои дарсӣ низ мушкилоте ба назар намерасад. Мувофиқи нақшаи вазорати маорифи ҷумҳурӣ то моҳи сентябр 12 номгӯи китобҳои дарсӣ ба мактабҳои вилоят фиристода мешаванд. Дар масъалаи бо омӯзгорон таъмин кардани мактабҳо низ пешравӣ дида мешавад. Аз ҷумла, имсол 25 нафар дастпарварони мактабҳои олӣ ба мактабҳои ноҳияи Мурғоб ба кор омаданд. Мактабҳои маълумоти ҳамагонии ноҳияҳои дигар низ аз 10 то 20 нафарӣ омӯзгорони ҷавонро ба кор қабул карданд. Дар давоми фасли тобистон барои мактабҳои вилоят 105 компютер харида шуд.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






