МАКТАБҲОИ НАВ БА ИСТИФОДА ДОДА МЕШАВАНД

Август 22, 2008 14:52

Хусусан, мактабҳои рақами 3 ва 12 бо сифати хеле хуб тармим карда шуданд. Дар ҳар синфхонаи онҳо барои тоза нигоҳ доштани ҳаво гӯшаи парвариши гул ташкил карда шудааст. Имсол дар мактабҳои ноҳия 11 ҳазору 689 нафар талаба таҳсил мекунад. Ба онҳо 528 омӯзгор таълим медиҳад. Ба қавли мудири шӯъбаи маориф, имсол ҳам дар бисёр мактабҳо мушкилоти нарасидани омӯзгорони баъзе фанҳо ҳис карда мешавад. Соли гузашта дар мактабҳои ноҳия 118 нафар омӯзгор намерасид. Имсол бо саъю кӯшиши шӯъбаи маориф 30 нафар омӯзгори ҷавон ба мактабҳо фиристода шуд. Дар ҳамаи мактабҳо барои зимистон ангишту ҳезум захира карда мешавад. То оғози соли нави таҳсил дар натиҷаи тадбирҳои андешидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллӣ 4 мактаб аз хонаҳои шахсӣ бароварда шуд. Акнун талабагони онҳо дар биноҳои нав таҳсил мекунанд.

Август 22, 2008 14:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд