МЕРКЕЛ : «ГУРҶИСТОН ҲАТМАН УЗВИ НАТО ХОҲАД ГАШТ»
Вале бояд гуфт, ки мамлакатҳои дигари аъзои НАТО дар ин масъала ақидаи ягона надоранд. Онҳо зикр мекунанд, ки алҳол аз қабули Гурҷистон ва Украина ба узвияти созмон худдорӣ кардан зарур аст. А.Меркел барои дастгирии Саакашвили ба Тифлис омад. Вай дар ин ҷо изҳор намуд, ки Русия бояд қисмҳои ҳарбии худро ҳар чӣ зудтар аз қаламрави Гурҷистон барорад. М.Саакашвили изҳор намуд, ки низомиёни Русия дигар дар минтақа нақши ҳомиёни сулҳро бозӣ карда наметавонанд. Мулоқоти канслери Олмон ва президенти Гурҷистон бо изҳороти президенти Русия дар бораи мӯҳлати баровардани қисмҳои ҳарбии ин мамлакат аз қаламрави Гурҷистон рост омад. Д.Медведев ба президенти Фаронса Н. Саркози ваъда дод, ки баровардани қисмҳои ҳарбӣ аз Гурҷистон рӯзи душанбе шурӯъ мешавад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ҳама намуди андозу даромадҳо дар шаҳри Роғун 125,7 фоиз иҷро шуд
Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ






