НАРХҲОИ ОСМОНӢ
Ин дафъа, ба бозорҳои шаҳри Душанбе маҳсулоти кишоварзони вилояти Хатлон аз минтақаи Кӯлоб ворид карда шуд. Азбаски нарху наво дар бозорҳои шаҳр ба гуфти мардум «осмонӣ» аст, сокинони пойтахт кӯшиш мекунанд аз ин намоишу фурӯш барои як ҳафта, ҳеҷ набошад, барои 3-4 рӯзашон маҳсулоти кишоварзиро захира кунанд. Кишоварзони минтақаи Кӯлоб ба шаҳриён баробари маҳсулоти кишоварзӣ барои гузаронидани маросиму маъракаҳояшон букаю бузу гӯсфанд ҳам ворид карданд, ки ба мардум хеле писанд омад. Кишоварзони минтақаи Кӯлоб чунин ярмаркаро дар охири моҳи рамазон, ки ба 30- юми моҳи сентябр мувофиқ меояд, дар пойтахт ва марказҳои навоҳии минтақа ташкил доданианд.








Пагоҳ дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ҳама намуди андозу даромадҳо дар шаҳри Роғун 125,7 фоиз иҷро шуд
Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад






