НОҲИЯИ МАСТЧОҲ ОБОД МЕШАВАД
Барномаи номбурда барои иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки моҳи июни соли 2007 ҳангоми сафари кориаш ба ноҳияи Мастчоҳ баён гашта буданд, таҳия шудааст. Барнома афзоиши истеҳсол ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳои корам, азхудкунии заминҳои боқимондаи дашти Дилварзин, беҳтарсозии таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшокӣ, бунёди корхонаҳои нави саноатӣ ва афзун кардани иқтидори корхонаҳои мавҷуда, истихроҷи канданиҳои фоиданок, ба маротиб зиёд намудани қарздиҳии бонкҳо ва рушди соҳибкории хурду миёна ва дигар корҳои муҳимро дар назар дошта, ба муҳайё намудани ҷойҳои нави корӣ ва баландбардории сатҳи зиндагии мардум равона мегардад. Дар давраи солҳои 2008-2015 мутобиқи барномаи мазкур ба иқтисодиёти ин ноҳия 102,8 миллион сомонӣ инвеститсияи дохилӣ ва 26,5 миллион сомонӣ инвеститсияи хориҷӣ равона карда мешавад. То соли 2015 маҷмӯи маҳсулоти кишоварзӣ нисбат ба соли 2006 1,5 маротиба афзуда, ҳаҷми он ба 140 миллион сомонӣ баробар хоҳад шуд. Истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ низ зиёд гардида, то соли 2015 аллакай 10673 тонна нахи пахта дар ҳудуди ноҳия коркард мешавад ва истеҳсоли ришта дар ин давра қариб 4 баробар афзун хоҳад шуд. Дар давраи татбиқи барнома қариб 2 ҳазор ҷойҳои нави корӣ омода мегардад. Дар натиҷаи татбиқи босамари барнома ҳамчунин сатҳу сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои соҳаи маориф ва хизматрасонии тиббии аҳолӣ низ дар ноҳияи Мастчоҳ хеле беҳтар хоҳад шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дастовардҳои варзишгарони ноҳияи Ёвон дар соли 2025 муаррифӣ карда шуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон соли 2025 бо ҷалби 30 ҳазор аҳолӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ҳамоиш гузаронид
Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор шуд
Бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба давлати тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?
Соли 2025 кишоварзони шаҳри Турсунзода дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда гузоштанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






