САФАРИ РАСМИИ ПРЕЗИДЕНТИ РУСИЯ ДМИТРИЙ МЕДВЕДЕВ БА ТОҶИКИСТОН ОҒОЗ ЁФТ
Душанбе, 29 август. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). – Субҳи имрӯз, 29 август сафари расмии Президенти Федератсияи Русия Дмитрий Медведев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маросими гулгузорӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ оғоз гардид. Меҳмони олиқадрро муовини аввали вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Абдулло Юлдошев ва шахсони дигари расмӣ ҳамроҳӣ намуданд. Пас аз маросими гулгузорӣ ва зиёрати муҷассамаи асосгузори давлати тоҷикон Исмоили Сомонӣ сурудҳои миллии Тоҷикистону Русия садо доданд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки баъди маросими гулгузорӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Федератсияи Русия Дмитрий Медведевро дар назди Қасри Миллат расман истиқбол гирифт. Баъди ин мулоқоти якка ба яккаи Эмомалӣ Раҳмон ва Дмитрий Медведов ва гуфтушуниди ҳайатҳои расмии ҳарду кишвар баргузор мегардад.








НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ҳама намуди андозу даромадҳо дар шаҳри Роғун 125,7 фоиз иҷро шуд
Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст






