ЗАМИНИ НАВИ МИРЗО
Хоҷагии деҳқонии «Мирзо» ҳоло дар ноҳияи Рӯдакӣ дорои 325 га замин, 200 оилаи занбӯри асал, 70 сар чорвои калон ва 700 сар гӯсфанд мебошад. Ҳамаи инро 89 нафар аъзои хоҷагӣ идора мекунад. Ояндаи наздик сарвари хоҷагӣ Мирзо Шехов ҳамаи ин соҳаҳоро васеъ намуда, шумораи коргаронашро ба 180-200 нафар расониданист. Ӯ дар замини нави дар ноҳияи Тавилдара гирифтаи худ ба бунёди 25 гектар боғи нав оғоз кард.