Ҳ.ЗАРИФӢ ДАР МАҶЛИСИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД
Душанбе, 2 сентябр. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова ). — 4 сентябр дар Маскав маҷлиси Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ баргузор мегардад. Иштирокчиёни маҷлис масъалаҳои ҳамоҳанг сохтани сиёсати берунии давлатҳои аъзои созмонро роҷеъ ба масъалаҳои мавриди таваҷҷӯҳашон ва ҷараёни иҷрои қарорҳои иҷлосияҳои соли 2006 дар Минск ва соли 2007 дар Душанбе баргузоргардидаи Шӯрои амнияти дастаҷамъиро муҳокима мекунанд. Инчунин, муҳокимаи ҳамаҷонибаи вазъияти минтақаи Қафқоз баъди таҷовузи Гурҷистон ва ҳуҷуми он ба Иристони Ҷанубӣ пешбинӣ карда мешавад. Баъдан дар маҷлиси умумӣ маърӯзаи ҳарсолаи Муншии умумии созмон ва лоиҳаи Баёнияи иҷлосияи ояндаи Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ баррасӣ карда мешавад. Вазирони корҳои хориҷӣ инчунин, лоиҳаи созишномаро дар бораи тайёр кардани кадрҳо барои мақомоти муҳофизи қонун, сӯхторхомӯшкунӣ наҷотбахш ва хадамоти махсуси давлатҳои аъзои созмон, лоиҳаи қарори Шӯрои амнияти дастаҷамъиро дар бораи тадбирҳои иловагии тақвияти фаъолияти зиддитеррористӣ, лоиҳаи барномаи амалиёти муштаракро барои амалӣ сохтани Нақшаи амалиёти дастаҷамъии давлатҳои аъзои СААД — ро барои амалӣ сохтани стратегияи глобалии зиддитеррористии СММ барои солҳои 2008 — 2012 мувофиқа хоҳанд кард. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки аз Тоҷикистон дар маҷлиси мазкур вазири корҳои хориҷӣ Ҳамрохон Зарифӣ иштирок менамояд.








Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид






