БА УКРАИНА БӮҲРОНИ НАВИ СИЁСӢ ТАҲДИД МЕКУНАД
Киев, 4 сентябр. (АМИТ «Ховар» — Евронюс). — Сарвазири Украина Юлия Тимошенко ба пешниҳоди гузаронидани интихоботи пеш аз мӯҳлат муқобил баромад. Президенти мамлакат Виктор Юшенко таҳдид кард, ки агар дар парлумон дар мӯҳлати пешбиникардаи Қонуни асосӣ эътилофи нав созмон дода нашавад, онро пароканда хоҳад кард. Сабаби ба миён омадани бӯҳрони нави сиёсӣ иқдоми гурӯҳи парлумонии ҷонибдори Президент дар бобати хориҷ гардидан аз эътилофи парлумонӣ мебошад. Вакилони тарафдори Тимошенко дар парлумон, инчунин ҳизби мухолифи минтақаҳои Виктор Янукович ва коммунистон пеш аз ин дар бораи қабули баъзе қонунҳо дар масъалаи вусъат додани ваколатҳои сарвазир ва осонтар сохтани тартиботи изҳори нобоварӣ ба сардори давлат қарор қабул намуданд. В.Юшенко ин иқдомро оғози табаддулоти конститутсионӣ номид. Хабар дода мешавад, ки интихоботи пеш аз мӯҳлати вакилони парлумон моҳи сентябри соли 2007 баргузор гардида буд.








НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ҳама намуди андозу даромадҳо дар шаҳри Роғун 125,7 фоиз иҷро шуд
Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст






