БАРРАСИИ РӮЗНОМАИ МАҶЛИСИ ШӮРОИ САРОНИ ҲУКУМАТҲОИ ИДМ

Сентябрь 16, 2008 11:25

Душанбе, 16 сентябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Давлатзода).- Намояндагони доимии ваколатдори давлатҳои ИДМ имрӯз дар Минск лоиҳаи рӯзномаи маҷлиси Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ — ро баррасӣ менамоянд, ки  14 ноябр дар Кишинёв баргузор мегардад. Алҳол рӯзномаи маҷлис 34 масъаларо дар бар мегирад.            Сарони ҳукуматҳои ИДМ аз ҷумла маҷмӯи тадбирҳои муштаракро  барои таъмини бештари амнияти озуқа, самтҳои асосии  рушди хизматрасонии байналмилалии нақлиёти автомобил, беҳтар сохтани фаъолияти мақомоти  ҳамкории соҳавӣ, созишномаро дар бораи принсипҳои асосии  сиёсати  танзим ва назорати пул, ҳамкориро дар бораи ташкили  низоми давлатии  иттилоотии  шиносномаю раводид, ҳамкориро дар мубориза ба муқобили хариду фурӯши доруҳои қалбакӣ, лоиҳаи  муоҳидаи мақоми қонунии кор ва буду боши  коргарони муҳоҷир ва аъзои оилаи  онҳоро муҳокима менамоянд.

Сентябрь 16, 2008 11:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид