БОНКИ РУШДИ ОСИЁ: «НАРХИ ОЗУҚА СОЛҲОИ НАЗДИК АРЗОН НАМЕШАВАД»
Душанбе, 16 сентябр. (АМИТ «Ховар», Наргис Бойахмедова).- Бонки рушди Осиё дар маърӯзаи навбатии худ огоҳ мекунад, ки мамлакатҳои рӯ ба инкишои Осиё бояд ислоҳоти сохторҳои асосии иқтисодиётро ба манфиати соҳаи кишоварзӣ анҷом диҳанд. Дар акси ҳол онҳо ояндаи наздик боз шоҳиди боло рафтани маводи озуқа хоҳанд гашт. Дар ҳисоботи бонк гуфта мешавад, ки сабабҳои асосии бӯҳрони озуқа дар соли 2008 пешрафти босуръати иқтисодиёти мамлакатҳои калонтарини минтақа, аз ҷумла Чин ва Ҳиндустон, паст гардидани қурби доллари Амрико, якбора боло рафтани нархи нафти хом, истифодаи масоҳати калони киштзор ва зироат барои истеҳсоли сӯзишвории биологӣ ва ғайра мебошанд. Дар ҳисобот пешгӯи карда мешавад, ки нархи озуқа дар мамлакатҳои минтақа тӯли солҳои наздик арзон нахоҳад шуд. Ҳатто агар ҳукумати мамлакатҳо ба соҳаи кишоварзӣ бештар маблағ гузоранд ҳам, барои пурра кардани захираҳои ночизи ғалла якчанд сол зарур аст, гуфта мешавад дар ҳисоботи бонк.








Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид






